Эрдуғон: ҷаҳони ислом вазифаи худро дар назди мардуми Фаластин иҷро накард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2024
Обуна шудан
Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз дар натиҷаи “ҳамлаҳои исроилӣ алайҳи мардуми осоиштаи Фаластин” беш аз 32 ҳазор кушта ва зиёда аз 72 ҳазори дигар захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфт, ҷаҳони исломӣ натавонистааст, “қарзи бародарии” худ дар назди мардуми Фаластинро иҷро кунад.
Эрдуғон рӯзи шанбе дар 53-умин Ассамблеяи генералии Бунёди маъруфгардонии илм гуфт:
"Мутаассифона, ҷаҳони ислом, ки ҳудуди 2 млрд нафарро ташкил медиҳад, натавонист вазифаи бародарии худ дар назди мардуми Фаластинро пурра иҷро кунад".
Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз дар натиҷаи “ҳамлаҳои исроилӣ алайҳи мардуми осоиштаи Фаластин” беш аз 32 ҳазор кушта ва зиёда аз 72 ҳазори дигар захмӣ шудаанд.
"Беҳбуди равобит бо раҳбарияти Миср ба интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза фоида овард" гуфт ӯ.
Вай афзуд, Анқара қотеъона пушти ҳаракати Ҳамос Фаластин аст ва ҳеҷ кас наметавонад кишварро маҷбур кунад, ки истилоҳи "ташкилоти террористӣ"-ро дар робита ба онҳо истифода кунад.
Палестинские беженцы в лагере на границе с Египтом  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2024
Паногоҳи гурезаҳои фаластинӣ дар сарҳади Миср - акс
"Дар ҷараёни сафари худ ба Иёлоти Муттаҳида ҳамчун раҳбари ҳизби худ баъдан ба онҳо гуфтам, ки "Ҳамос як созмони муқовимат аст." Ҳеҷ кас моро маҷбур намекунад, ки истилоҳи "ташкилоти террористӣ"-ро нисбат ба Ҳамос истифода барем. Туркия як кишвар аст, ки ҳама масъалаҳоро бо раҳбарони Ҳамос баррасӣ мекунад ва қатъан пуштибонӣ мекунад”, - таъкид кард раҳбари Туркия.

Муноқишаи Фаластину Исроил

Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бомбандозӣ ба хуну хок кашид.
Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.
Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0