Нигоҳи охирин ба “Сафина”: бинои машҳур бо чӣ хотирмон буд

© SputnikТВ "Сафина"
ТВ Сафина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар пасманзари тахриби як унсури дигари меъмории классикии "Душанбеи куҳан" мо фақат метавонем танҳо беҳтарин лаҳзаҳои таърихи онро дар қалб нигоҳ дорем.
Новобаста аз ақоиди бисёре аз сокинони Душанбе дар бораи аҳамияти ҳифзи ин бино, собиқ “Сафина” аллакай бо девор иҳота шуда ва зуд тахриб мешавад. Минбаъд нуқтаи машҳури маркази шаҳр, ки дар он вохӯриҳо ва дидорбиниҳо баргузор мешуданд, дигар вуҷуд нахоҳад дошт.
Ин бино дар дохилаш таърихи ғании рушди синамо дар Тоҷикистони шӯравиро маҳфуз медошт ва ба қавли муаррих Ғафур Шерматов, дар ин бино бояд Осорхонаи синамо таъсис дода мешуд.
Номи бинои собиқи телевизиони "Сафина" дар тӯли таърихи мавҷудияташ панҷ маротиба тағйир ёфтааст: аввал "Кинотеатри Калон" буд; кинотеатри ба номи М. Горький; дар солҳои эвакуатсия —студияи синамои муттаҳидаи Сталинобод ва "Союздетфильм"; Филармонияи давлатӣ ва ниҳоят телевизиони "Сафина". Дар ин ҷо муддати на он қадар тӯлонӣ “Хонаи синамо” ҳам қарор дошт.
Рустами Эмомалӣ ба президент лоиҳаи навсозӣ дар пойтахтро муаррифӣ кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2024
Рустами Эмомалӣ ба президент лоиҳаи навсозӣ дар пойтахтро муаррифӣ кард
Дар ин бинои бо усули конструктивизм бунёдёфта, аввалин кинотеатри садодор дар Душанбе ҷойгир буд ва ҳоло дар он метавон ба Осорхонаи таърихи синамои тоҷик ҷойгир кард. Аммо мақомоти пойтахт тасмим гирифт, ки дар ин ҷо боз як бинои баландошёна, ки тадриҷан ҷои маркази "Душанбеи кӯҳна"-ро мегиранд, бунёд кунад.
Ва дар ҳоле, ки аз “Сафина” ҳадди ақал чизе боқӣ мондааст, бори дигар ёдовар шудан аз таърихи ғании он меарзад.
Аввалин кинотеатри садодор
Соли 1930 меъмори чавони ленинградӣ Сергей Кутин ба Сталинобод (Душанбе) омад, ки баъдан дар ин чо якчанд биноҳои намоён сохт.
Мувофиқи лоиҳаи ӯ сохтмони аввалин кинотеатри зимистона соли 1933 оғоз ёфта, соли 1936 он ифтитоҳ гардид. Услуби меъмории ӯуслуби авангарди солҳои баъд аз инқилоб буд, вақте ки дастовардҳои инқилобӣба эҷодиёти нав ва таҷрибаҳои далерона нерӯи тавоно мебахшид.
Он як кинотеатри муосир (ҳатто аз рӯи меъёрҳои имрӯза) ду толордор, дорои 1000 ҷойи нишаст, утоқи либоспӯшӣ, толори хониш, буфет ва ҳуҷрае буд, ки дар он ҷо волидон дар давоми намоиши кино кӯдакони худро зери назорати доя мемонданд. Кушода шудани он як пешравии калони маданӣ буд, зеро пештар дар Душанбе дар “Хонаи деҳқон” (бинои театри ба номи В. Маяковский) ва дар “Хонаи Артиши Сурх” (Хонаи афсарон) танхо филмҳои сомит (бесадо) намоиш дода мешуданд. Ва барои кинотеатри бо таҷҳизоти махсуси садо ҷиҳозонида, қарор дода шуд, ки бинои калоне сохта шавад, ки ба рӯҳияи замон мувофиқ бошад.
Новостройка у площади Садбарг, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2024
Мирзозода гуфт, қимати як метри квадратӣ манзил дар Тоҷикистон чанд пул аст
Шаҳрвандон кушодашавиро, ки 1 май соли 1936 барпо гардид, бесаброна интизор буданд. Аввалин филме, ки чиптаҳои он комилан фурӯхта шуданд, филми машҳури солҳои 1930-уми "Бачаҳои шӯх" буд. Зимнан, кинотеатр бо пешниҳоди шӯрои шаҳр “Кинотеатри калон” ва соли 1941 номи нависандаи маъруфи рус Максим Горкийро гирифт.
Дар солҳои ҷанг...
Тирамоҳи соли 1941 баъди cap шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон қатораҳо бо коллективҳои кормандони эҷодии тахлияшудаи (эвакуатсияшуда) студияҳои синамо омадан гирифтанд.
Ҳамин тариқ дар бинои ояндаи "Сафина" "Союздетфильм" ва "Студияи синамои Одесса"-и бо “Студияи синамои Сталинобод" муттаҳидгардида, ҷойгир шуданд. Толорҳо ба павилйонҳои наворбардорӣ табдил дода шуданд ва дар дигар ҳуҷраҳо утоқҳои либос, грим ва реквизит ҷойгир шуданд.
Он солҳо дар ин ҷо филмҳои "Шоҳзода ва фақир", "Киноконсерти тоҷик", "Фариштаи оҳанин", "Савганди Темур", "Писари Тоҷикистон" ва ғайра ба навор гирифта шуданд. Дар ин ҷо муддате коргардонҳои машҳур, ба мисоли Лев Кулешов — асосгузори назарияи бандубаст, Александр Роу, аввалин коргардони филмҳои афсонавӣ,Яков Протазанов — яке аз аввалин синамогарони рус кор карданд.
Флаг Республики Корея - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2024
Тоҷикистон бо таъми рамён: чаро дар кишвар таваҷҷӯҳ ба ҳар чизи кореягӣ меафзояд
Дар солҳои 50-ум як майдончаи хурд дар назди кинотеатр бо номи "Пятак" дар байни ҷавонон маъмул буд, он ҷои вохӯрӣ бо дӯстон ё мулоқот буд. Ва он ҷо "хипстерҳо" бо мӯйҳои ба он вақт хоси "кок", бо куртаҳои ранга, костюмҳои дароз ва пойафзол бо таги ғафс мисоли Элвис Пресли ҷамъ меомаданд. Дар ин ҷо онҳо метавонистанд пластинкаҳои мусиқию сурудҳои аз аксҳои рентгенӣ тайёршударо харидорӣ кунанд, ки асли онҳо дастнорас буд.
Аз кино то филармония
То нимаи солҳои 60-уми асри гузашта кинотеатри ба номи М.Горкий калонтарин дар пойтахт буд ва танҳо соли 1967 бино азнавсозӣ шуда, ба Филармонияи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ табдил ёфт.
Мстислав Ростропович, Давид Ойстрах, Эдуард Хил, Майя Кристалинская ва бисьёр навозандагонуҳофизони номдор дар саҳнаи он баромад карданд. Ба ин филармония оркестрҳои машҳури ҷази Эдди Роснер ва Олег Лундстрем низ омаданд. Мероси мусиқиро“Сафина” то соли 2002, то даме, ки Филармония дар дохили он ҷойгир буд ва то кӯчонданба Қасри иттифоқҳои касаба,ҳифз мекард.
Лоиҳаи Майдони Ғалаба дар Боғи Ғалаба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2024
“Майдони Ғалаба” ба “Боғи Ғалаба” мекӯчад
Ва бино ба ихтиёри синамогарони тоҷик дода шуд ва номи “Хонаи синамо” - ро гирифт, вале баъд аз чанд сол бино ба ихтиёри шабакаи телевизионии "Сафина" дода шуд, ки то охири соли 2023 дар он ҷо қарор дошт. Бо ҳамин мавҷудияти он қатъ мешавад ва дар ҷои бино як маркази бузурги тиҷоратикалон бунёд мешавад.
Барои сокинон ва меҳмонони пойтахт бошад, "Сафина" чун ёдгорие дар аксҳои рангпаридаи даврони шӯравӣ боқӣ мемонад.
Бо наққошии (фреска) девори бино чӣ мешавад?
Бо вуҷуди ин, як қисми бино барои ояндагон нигоҳ дошта мешавад. Гап сари он аст, ки яке аз хусусиятхои асосии бадеии "Сафина" аржанги (мозаикаи) дурахшони он бо накшу нигори миллӣ буд.
Тахриби он боиси эътирози мардум шуд, зеро мозаикаи "Шашмаком", ки онро рассом Асрор Аминҷонов соли 1976 офаридааст ва симои духтарони раққосу навозандаро тасвир мекард, яке аз ороишоти ҷолибтарин дар маркази пойтахт ва як ҷузъи муҳими ороиши шаҳр ва ҳамчун мероси фарҳангии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар аввал, созандае, ки заминро харидааст, ҳеҷ гуна нақшаи нигоҳдории биноро эълон намекард.
Башенный кран. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2024
Раҳмон: сохтмонҳои бисёрошёнаи барои шаҳрвандон хатарнок ошкор шудаанд
Аммо аз Кумитаи меъморӣ маълум шуд, ки раиси шаҳр дастур додааст, ки ин осори санъат ҳифз карда шавад ва он бояд бодиққат ба ҷои дигар интиқол дода шавад. Дар ҳоли ҳозир музокирот бо барқарорсозон идома дорад, ки вазифаи онҳо мозаикаи "Шашмақом”- ро бодиққат гирифтан аст, то баъдтар он маркази тиҷоратро оро диҳад. Ва сокинони шаҳр умедворанд, ки фармони раиси шаҳр иҷро мешавад.
Назари таърихнигори шаҳр
Муаррихи маъруф ва узви Иттифоқи меъморони шаҳри Душанбе Ғафур Шерматов бар ин назар аст, ки аз даст додани “Сафина”, - ҳатто бо ҳифзи наққошии девор, талафоти бузург барои мероси шаҳр аст. Ба андешаи ӯ, барои фарҳанги ҷомеаи тоҷик ҳифз намудани он зарраҳои меъморӣ, ки то ҳол аз таърих боқӣ мондаанд ва дар ҳолати шоиста нигоҳ доштани онҳо хеле муҳим аст.
"Маҳз бо инба ман кинотеатри Калон– “Сафина” маъқул аст: замоне он барои шаҳр шоҳасари меъморӣ буд ва ҳоло он дар танҳоӣ мондааст, вале мо то ҳол мавқеи хоси онро дар таърих барои наслҳои одамонибисёр мушоҳида мекунем ва он бояд ҳамчун ёдгории меъмории шӯравӣдар Тоҷикистон нигоҳ дошта шавад, — менависад Шерматов.
Бояд иброз дошт, ки муаррих дар ин назари худ танҳо нест. Шояд танхо овозахо дар бораи тахриби чойхонаи машхури "Роҳат" боиси чунин андӯҳи якдилона ва ноумедии шаҳрвандон аз тахриби бунёди меъмории кӯҳна шуда буданд.
Охир, ҳатто барои онҳое, ки ба таърихи худ ва симои шаҳр аҳамият намедиҳанд, “Сафина” як нуқтаи муҳими харитаи пойтахт, як макони нотакрори тамошобоб буд, ки дар қалби даҳҳо ҳазор мардумон чун ёдгорӣ боқӣ хоҳад монд.
Лентаи хабарҳо
0