Агар бонк кор накунад, чӣ тавр пул фиристем: маслиҳатҳои муҳоҷирони тоҷик

© Sputnik Банковские карты
Банковские карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2024
Обуна шудан
Одамоне, ки берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба хонаашон чӣ гуна пул интиқол медиҳанд? Sputnik Тоҷикистон дар бораи чанд усули санҷидашуда нақл мекунад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Бонки марказии Русия муҷаввизи бонки “Киви”-ро, ки интиқолдиҳандаи амалиёти зиёди интиқолдиҳӣ ба Тоҷикистон буд, бозпас гирифт.
Аз ин сабаб, бархе аз амалиётҳои интиқолӣ сар аз 21 феврал баста шудаанд. Ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон назорат дорад, ки операторони ин низом ӯҳдадориҳои худро дар назди муштариёне, ки қабл аз лағви иҷозатнома амалиёти интиқоли пул анҷом доданд, иҷро кунанд.
"Аз замони лағви иҷозатномаи “Киви-Банк” - рӯзи 21 феврал, фаъолияти низоми пардохти Contact дар саросари ҷаҳон маҳдуд шуд ва Тоҷикистон низ истисно набуд, вале барои сокинони кишвар дар гирифтани маблағҳои аллакай интиқолшуда мушкил пайдо шуд. ” - қайд карданд аз Бонки Миллии Тоҷикистон.
Ҳанӯз соли 2019 БМТ тартиби нави интиқолро роҳандозӣ карда, “Маркази амалиётии миллӣ”-ро таъсис дод, ки тамоми амалиёти интиқоли пул аз Русия ва кишварҳои дигар тавассути он сурат мегирад.
Здание Душанбе-плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.02.2024
БМТ вазъи интиқолро тавассути системаи Contact назорат мекунад
Ҳамаи операторони низоми пардохтӣ ба ин марказ пайваст шуда, дар он суратҳисоби махсус барои хизматрасониҳои интиқоли маблағ кушоданд. Яъне ин дар асл кори пешпардохт аст. Аммо, ин кор пас аз лағви иҷозатнома барои пардохти интиқолҳои пулӣ кӯмак накард.
Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, бифаҳмад, ки афроде, ки берун аз Тоҷикистони зиндагӣ мекунанд, чӣ гуна пул ба хона интиқол медиҳанд (ё баръакс онро аз хонавода ва дӯстон мегиранд). Охир, ҳаёт қатъ намешавад, ҳамеша роҳҳали дигарелозим аст. Бархе аз сокинони Маскаву Санкт-Петербург аллакай воситаҳоеро пешниҳод кардаанд ва таҷрибаи худро бо дигаронмубодила мекунанд.
Интиқол бо шиносон: ҷустуҷӯи "нафаре"
Шумо метавонед пули нақдро тавассути хешовандон, дӯстон ва шиносони боваринок, ки аз шаҳри ҳозираи зисти шумо ба зодгоҳатон сафар мекунанд, интиқол диҳед. Нафари боэътимоди худро гусел мекунед ва хешовандонатон дар ватан ӯро пешвоз гирифта, пули нақдро аз ӯ мегиранд. Барои иҷрои ин кор шумо метавонед ба интиқолдиҳанда миқдори муайяни пул ё тӯҳфа диҳед.
Ҳамчунин метавонед бевосита дар фурӯдгоҳ ё вокзал шахси ба ватан рафтаниро ҷустуҷӯ кунед, агар рӯзҳои наздик касе аз дӯстонатон ба Тоҷикистон рафтанӣ нест. Албатта, ба шахси бегона бовар кардани пул кори шубҳанок аст. Аммо агар шумо ӯропеш аз савор шудан ба тайёра(ё поезд) ёфтаед, шумо хатсайри ӯ ва вақти ба шаҳри дилхоҳ расидани ӯро аниқ хоҳед донист. Ҳамчунин метавонед, ки акси ин шахс ва рақамҳои шиносномаи ӯро гиред.
Фирдавс Толибзода, глава Нацбанка Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2024
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаҳмонд, ки чаро ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирон дақиқ нест
"Хешовандонеро, ки ба онҳо пул мефиристонед, огоҳ кунед, то онҳо ҳатман шахси заруриро пешвоз гиранд ва тӯҳфаи шуморо бигиранд. Албатта, шумо бояд ба он шахс барои интиқоли пули нақд маблағи муаяне пардохт кунед. Аммо беҳтар аст, ки одами оддӣ пулро гирад, аз он, ки мансабдорон пул кор кунанд”--- мегӯяд Хуршед, ки аксар вақт аз ин усул истифода мекунад.

Роҳҳои нави интиқоли пул

Шумо метавонед дар бонки маҳаллӣ суратҳисоб кушоед (агар шумо ҳоло надошта бошед) ва аз он ба суратҳисоби бонкии хешовандони худ дар Тоҷикистон пул интиқол диҳед. Ва баръакс, аз суратҳисоби бонкии Тоҷикистон ба бонки Русия.
Шумо метавонед аз корт ба корт бо истифода аз рақами телефони гиранда тавассути замимаи мобилӣ ё “утоқи шахсӣ” дар сомонаи расмии бонки худ интиқолро анҷом диҳед. Албатта, чунин муомилоти байналмилалӣ маънои талафи пул ҳангоми табдили асъор, ҳаққи интиқоли хориҷӣ ва илова бар ин хидматрасонии ду кортро дорад. Аммо ҳама чиз қонунӣ ва боэътимод аст, шумо барои ҳар як интиқоли маблағ ҳисобварақронигоҳ медоред.
Пулро бевосита ба суратҳисоби хешу табор гузаронед. Барои ин шумо бояд ба наздиктарин филиали бонки Тоҷикистон, ки гиранда дар он суратҳисоб дорад, рафта, маблағи зарурии пули нақдро ба банкомат ворид кунед ва рақами кортро, ки ба он ин маблағ мегузоред, ворид кунед. Маблағ ба таври худкор ба суратҳисоби гиранда ворид карда мешавад.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2024
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон: доллар каму рубл зиёд шуда истодааст
Агар банкомат барои маблағҳои зиёди пасандозҳо маҳдудият дошта бошад, пай дар пай якчанд амалиёти хурди молиявиро анҷом диҳед. Ва албатта хешовандеро, ки суратҳисоби ӯ пурра шудааст, огоҳ кунед, то ин маблағро ҳарчи зудтар гирифта, барои кормасраф кунад.
Интиқоли пул тавассути "ҳамёни электронӣ". Имрӯз шумораи онҳо зиёданд. Бақайдгирии "ҳамён" дар Интернет ё тавассути замимаи мобилӣ осон аст. Барои фиристодани пул ба хешовандон танҳо ба утоқи алоқаи мобилӣ даркор аст, қариб дар ҳамааш терминал барои муомилоти молиявии онлайнӣ мавҷуд аст. Шумо интиқол медиҳед ва гиранда ин маблағро ба осонӣ дар нуқтаи алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон мегирад.

Ҳар чизи нав - усули хуби кӯҳнашуда мебошад

Элер усули дигари интиқол додани пулро пешниҳод мекунад. Ин усул аслан мураккабтар аст ва дар шароити муайян имконпазир аст.
"Фарз мекунем, ки ман дар ягон шаҳри Русия зиндагӣ мекунам ва дар ин ҷо шахсеро меёбам, ки аз шаҳр ё деҳаи ман аст. Ба ӯ маблағеро, ки мехоҳам ба хона фиристам медиҳам, ва рақамҳои алоқаҳои хешовандонамро (дустамро) медиҳам, ки ин пул ба ӯ пешбинӣ шудааст. Он шахс дар пеши назари ман ба хешовандонаш (ё дӯстони худ), ки низ дар он шаҳр зиндагӣ мекунанд, занг мезанад ва маблағи интиқоли маблағро номбар мекунад. Хешовандони миёнрав ҳарчи зудтар бо гирандагони ман вохӯрда, пули маслиҳатшударо ба онҳо медиҳанд. Яъне ман пул додам ва дар айни замон хешу табори ман дар Тоҷикистон ин пулро мегиранд. Танҳо бе интиқоли воқеӣ. Дар натиҷа пул дар дохили ду оила мемонад, оилаи ман ва миёнрав. Табиист, ки барои хизматаш ба ӯ фоизи муайяни ҳаққи хизмат медиҳам, — нақл мекунад ин мард аз таҷрибаи худ.
ЕАЭС 2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2024
Ба бонкдорони ИИАО шеваи сармоягузориҳои тарҳҳои фаромиллиро тавзеҳ доданд
Ин усул ба низоми қадимӣ, вале то ҳол мавҷудаи интиқоли махфии пул, бо номи "ҳавола" хеле монанд аст. Он дар ибтидои асри VIIдар қаламрави Ҳиндустони муосир пайдо шудааст. Он ҳоло ҳам дар Шарқи Наздик, Африқо ва кишварҳои мусулмонии Осиё ҳамчун усули алтернативии интиқоли байналмилалӣ фаъолона истифода мешавад.
Албатта, барои одамоне, ки интернет ва кортҳои бонкӣ доранд, осонтар аст. Онҳо метавонанд ин усулҳоро истифода баранд ва усулҳои нави худро пайдо кунанд. Барои онҳое, ки дар манотиқи дурдаст зиндагӣ мекунанд ва аз фанновариҳои муосир дуранд, гирифтани пули интиқолшуда аз наздикон дар Русия ба маротиб мушкилтар аст.
Лентаи хабарҳо
0