Гиромидошти хотираи қубониёни ҳамлаи "Крокус" дар Душанбе - видео

Обуна шудан
Тибқи иттилои пешакӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ дар Крокус Сити Холл дар наздикии Маскав беш аз 93 нафар кушта ва беш аз 120 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Сокинони Душанбе ба ёди қурбониёни фоҷиаи Крокус гулҳо оварданд.
Ба шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар пойтахт теъдоди зиёди мардум омаданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Аҳолии шаҳр ҳамин тавр изҳори ҳамдардӣ ва суханони пуштибонӣ аз Русияро баён мекунанд", - қайд кард хабарнигор.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Crocus City Hall, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт.
Тоҷикистон дар бораи даст доштани шаҳрвандонаш дар ҳамла ба "Крокус" маълумот нагирифтааст
Тибқи иттилои пешакӣ, дар натиҷа беш аз 93 нафар кушта ва беш аз 120 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Баробари ҳамла дар бино оташсӯзӣ ба амал омад, ки ба гуфти мақомот, террористон аз норинҷакҳои оташзо истифода кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0