Медведев ваъда дод, ки Русия барои ҳар як кушта ё захмишуда дар “Крокус” қасос мегирад

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗампред Совбеза РФ Д. Медведев возложил венок к Могиле Неизвестного Солдата
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев возложил венок к Могиле Неизвестного Солдата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2024
Обуна шудан
Муовини Шӯрои амнияти Русия гуфт, кишвараш ҳар нафаре, ки дар ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл даст дошт”, ҷазои сахт хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки кишвараш барои ҳар нафаре, ки дар ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” кушта ва маҷрӯҳ шудаааст, қасос хоҳад гирифт ва ҳамаи афроде, ки дар ин даст дорад, новобаста аз кишвар ва мақом ҳоло ҳадафи қонунӣ ва асосӣ мебошанд.
"Ҷойи ҳамаи он нафароне бегуноҳ кушта шудаанд ҷаннат бошад! Мо барои ҳама қасос хоҳем гирифт. Ва ҳар касе, ки дар ин амал даст дорад, новобаста аз кишвар, мақом, ҳоло ҳадафи қонунӣ ва асосии мост. Мунтазир бошед", - навиштааст ӯ дар шабакаи Telegram-и худ.
Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2024
Раҳмон ба Путин: “Террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”
Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 133 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат дор буда, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.
Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.
Расонаҳо дар содир кардани ин амали террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбар медонанд.
Лентаи хабарҳо
0