Русия мотам дорад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкАкции памяти жертв теракта в "Крокус Сити Холле"
Акции памяти жертв теракта в Крокус Сити Холле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ахиран дар паёмаш ба мардуми кишвар 24 мартро рӯзи мотам эълон кард
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар Русия рӯзи якшанбе ба хотири қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.
Тасмими рӯзи мотам эълон кардани 24 мартро як рӯз пеш раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар паёми вижа ба мардуми Русия эълон кард.
Вай амали террористӣ дар вилояти Маскав рухдодаро як амали террористии хунини ваҳшиёна номиа, ваъда дод, ки омилону созмондиҳандагон ва фармоишгарони ин ҷиноят муҷозоти одилона ва ногузир хоҳанд дид.
"Даҳҳо мардуми осоишта ва бегуноҳ - ҳамватанони мо, аз ҷумла кӯдакон, наврасон, занон кушта шуданд. Ба ҳар касе, ки хешу табор ва наздикони худро аз даст додаанд, таслияти амиқ ва самимии худро баён мекунам. Тамоми кишвар, тамоми мардуми мо ҳамроҳи шумо ҳамдард аст" , - гуфт президент.
Танҳо раисҷумҳурт ҳақ дорад, ки дар Русия рӯзи мотам эълон намояд. Дар ин рӯз парчамҳо поин мешаванд, чорабиниҳои фароғатӣ ва дар шабакаҳои телевизионӣ низ барномаҳои фароғатӣ лағв карда мешаванд.
Возгорание в концертном зале Крокус Сити Холл, где произошла стрельба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2024
Дар бораи ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" то ин соат чӣ маълум аст?
Ин рӯзи мотам дар таърихи муосири кишвар бори севум аст, ки эълон мешавад.
Бори охир дар Русия рӯзи мотам санраи 28 марти соли 2018 баъди сӯхтор дар маркази тиҷоратии Кемерово "Зимняя вишня" эълон шуда буд, ки дар он бр асари сӯхтор нафарони зиёде кушта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.
Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 133 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат дор буда, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.
Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.
Расонаҳо дар содир кардани ин амали террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбар медонанд.
Лентаи хабарҳо
0