Нависандаи шинохтаи тоҷик Муҳиддин Хоҷазод даргузашт

© Пресс-служба правительства ХуджандаМухиддин Ходжазод, народный писатель, член Союза писателей Таджикистан.
Мухиддин Ходжазод, народный писатель, член Союза писателей Таджикистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Обуна шудан
Тавре пайвандони марҳум изҳор доштанд, вай тайи ду ҳафтаи ахир аз беморӣ ранҷ мебурд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Нависандаи халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Муҳиддин Хоҷазод дар гузашт.
Марҳум 86 сол дошт.
Дар ин бора сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфзода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, маросими видоъ бо марҳум, фардо 27 март соати 9:00 дар назди бинои истиқоматияш сурат мегирад.
Муҳиддин Хоҷазод 23 ноябри соли 1938 дар деҳаи Николо-Александровскийи ноҳияи Азгири музофоти Ставрополи Федератсияи Русия таваллуд шудааст, зеро падараш Олимхон Махдуми Хуҷандиро соли 1930 чун мударриси Мадрасаи Ҳазрати Бобо ба Қафқози Шимолӣ бадарға карда буданд.
Народный артист Таджикистана, исполнитель фалака Давлатманд Холов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2024
Давлатманд Холов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик даргузашт
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шаш моҳи асорати фашистиро аз сар гузаронда, соли 1946 ба Хуҷанд баргашта, баъдтар ба Самарқанд ва аз он ҷой ба Душанбе кӯч бастаанд.
Марҳум хатмакардаи бахши русии филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, ба ҳайси мудири шуъбаи санъат ва драматургияи маҷаллаи "Садои Шарқ" низ кор карда, соли 1962 дар Курси олии сенаристони Маскав ба такмили касби филмноманависӣ пардохта, солиёни зиёд дар "Тоҷикфилм" низ кор кардааст.
Нависанда соли 1997 бо хонадонаш ба Хуҷанд бозгашта, аввал дар шуъбаи фарҳанги Ҳукумати вилояти Суғд, баъдтар дар Китобхонаи давлатии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ кор кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар тӯли чиҳил соли фаъолияти эҷодӣ чун нависанда ва драманавис зиёда аз 12 асари бадеӣ, як силсила филмҳои бадеӣ ва телевизионӣ, чанд намоишномаи театрӣ эҷод кардааст.
Медали ветерана ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2024
Охирин иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даргузашт
Гулчини ҳикояву қиссаву романҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои "Ба ҷойи узр" (1965), "Вместо извинения" (1967), "Нони ҳалол" (1970), "Нишони муҳаббат" (1974), "Об – рӯшноӣ" (1976), "Вода к добру снится" (Маскав, 1981), "Нанг ва номус" (1982), "Вода – свет" (Киев, 1983), "Роҳи Роғун дигар аст" (1984), "Что было, то было" (1985), "Кӯҳ бе варта нест" (1987, 2003) ва дигарҳо мебошад.
Филмномаҳои "Оташи зери хокистар" ("Тоҷикфилм", 1965), "Асрори ниёгон" ("Тоҷикфилм", 1970), "Сайди охирин" (1972) ва "Ошёни уқобон" (1974) пешкаши ҳамагон гардидаанд.
Баъзе аз асарҳояш ба русӣ, украинӣ, литвонӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0