Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад

© Foto / МегафонНасби пойгоҳи базавӣ дар Тоҷикистон
Насби пойгоҳи базавӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2024
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Ҳамасола операторҳои мобилӣ дар саросари Тоҷикистон ҳазорҳо пойгоҳи базавиро насб намуда, барои сохтмон ва навсозии инфрасохтор садҳо миллион сомонӣ маблағгузорӣ мекунанд
Чунин хароҷот ногузир бозбинии тарофаҳоро талаб менамояд. Аммо хароҷоти ширкатҳои телекоммуникатсионӣ барои насби пойгоҳҳои нави базавӣ (ПБ) чиро дар бар мегирад ва он то чӣ андоза зиёд мебошад? Барои ҷавоб додан ба ин савол, биёед муайян созем, ки ПБ-и нав дар харитаи кишвар умуман чӣ тавр пайдо мешаванд.

Чӣ гуна?

Насби як ПБ – ин раванд то чӣ андоза душвор ва тӯлонӣ аст ва он чӣ тавр анҷом дода мешавад? Кор аз таҳлили мақсаднокии ба кор андохтани "пойгоҳ" оғоз меёбад.
Мутахассисон ҷойгиршавӣ, зичии аҳолиро меомӯзанд ва ҳаҷми трафикро пешгӯӣ менамоянд. Имконияти ба шабакаҳои барқӣ пайваст кардани таҷҳизотро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд — вале дар ноҳияҳои баландкуҳ аксар вақт норасоии онҳо ба назар мерасад ва ин маънои онро дорад, ки манбаъҳои алтернативии нерӯ бояд доим таъмин бошанд. Масалан, генераторҳои дизелӣ.
Дар баробари ин, барои ҳар як майдони ПБ, ҳадди аққал ду-се макони имконпазири насбкунӣ муайян карда мешавад, ки дар ниҳоят беҳтарини онҳо интихоб мегарданд. Пас аз чунин санҷиш маълум мешавад, ки чӣ гуна таҷҳизот лозим аст, кадом корҳоро бояд анҷом дод ва дар кадом муҳлат хароҷоти сохтмон бароварда мешавад. Таҳқиқу тарҳрезӣ то ду моҳ тӯл мекашад.
Мегафон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2024
Операторони мобилӣ маблағро ба чӣ сарф мекунанд
Асосноккунӣ анҷом дода шуд ва майдони ПБ ба нақшаи рушди техникии шабака ворид гардид. Ин маънои онро дорад, ки марҳилаи навбатӣ - гирифтани ҳамаи иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ оғоз меёбад. Тибқи қонун, оператори алоқа наметавонад таҷҳизотро дар ҷойи дилхоҳаш гузорад. Барои ин розигии сокинони маҳаллӣ, имзои раиси ҷамоат ё ноҳия, шартномаи иҷораи майдон барои ПБ лозим ҳастанд.
Барои насбкунӣ бояд Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти санитарию эпидемиологӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва оташнишонҳо, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва баъзан дигар идораҳо иҷоза диҳанд, масалан, агар ПБ дар ҳудуди иншооти давлатӣ насб карда шавад. Дар алоҳидагӣ, бояд бо энергетикҳо масъалаи пайвасткунии таҷҳизот мувофиқа карда шавад – танҳо барои гирифтани ин ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ то ду моҳ вақт лозим аст. Акнун ҳамаи ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ карда шуданд - сохтмонро оғоз кардан мумкин аст!
Албатта, дар баробари гирифтани иҷозатномаҳо оператор таҷҳизоти заруриро фармоиш медиҳад. Он дар хориҷа харидорӣ гардида, интиқол то 90 рӯзро дарбар мегирад.
"МегаФон Life": маблағҳоро ба 20 кишвари ҷаҳон интиқол диҳед!
Корҳои сохтмонӣ-васлгариро одатан дар як вақт якчанд бригада анҷом медиҳад. Теъдоди умумии коргарон аз макони васлгарии ПБ вобаста аст: дар болои боми бино ё иншооти мавҷпахшкунандаи махсус сохташуда – ИМ, содда карда гӯем, “манора”. Аммо ба ҳисоби миёна, барои сохтмони як пойгоҳ то 12 мутахассис ҷалб карда мешаванд.
Бояд донист, ки васлкунию пайвастнамоии таҷҳизот ба шабакаҳои барқӣ кофӣ нест: бояд фаъолияти он санҷида шавад, оё таъминоти барномавӣ ба ягон хато роҳ медиҳад, оё пойгоҳ бо ПБ-и ҳамсоя алоқамандӣ дорад ё на? Бо назардошти он, ки ҳоло пойгоҳҳои базавӣ аксар вақт дар якчанд басомадҳо кор карда, дар стандартҳои гуногуни алоқа дастрасанд - аз "овозӣ"-и 2G то 4G бо суръати баланди интернети мобилӣ, ин осон нест.
Дар маҷмӯъ: насби танҳо як ПБ то шаш моҳро дар бар мегирад, ки аз ин муддат васлкунӣ, ба кор даровардан ва танзимкунӣ аз 20 то 35 рӯзро ташкил медиҳад.

Чӣ қадар?

Корҳои сохтмонӣ чӣ миқдор маблағро тақозо мекунанд ва оё операторон чунин хароҷотро ҳамеша ба амал мебароранд? “Мутаассифона, на дар ҳар деҳа гузоштани ПБ мувофиқи мақсад аст. Ба ҳар ҳол, ширкатҳои телекоммуникатсионӣ ташкилотҳои тиҷоратӣ маҳсуб меёбанд ва муҳлати хароҷотбарории корҳо вобаста ба насби "база" набояд аз чор сол зиёд бошад. Сохтмон дар ҷойе идома меёбад, ки он дурнамо дорад”, - мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед Бобоалиев.
Тавре зикр гардид, таҷҳизоти алоқа дар хориҷа харидорӣ карда мешавад, бинобар ин операторон нархҳоро бо доллари ИМА нишон медиҳанд. Биёед тамоми хароҷотро ҳисоб кунем.
Мегафон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2024
Боз даҳ иловаи муфид: “MeгаФон Life” мавқеи худро ҳамчун муфидтарин SuperApp таҳким бахшид
Вобаста ба конфигуратсияи ПБ, арзиши таҷҳизот барои як майдон аз 30 то 50 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмону васлкунӣ 15-30 ҳазор доллар арзиш доранд. Илова бар ин, барои ҳар як пойгоҳи базавӣ бояд иҷозатнома дастрас карда шавад - ин боз аз 2,5 то 5 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Бо назардошти боҷҳои гуногун, пардохтҳо ва хароҷоти камтар, хароҷоти умумии ширкатҳои телекоммуникатсионӣ танҳо барои як ПБ метавонад ба 100 ҳазор доллар ё беш аз 1 миллион сомонӣ расад.
Вақте оператор ҳамасола даҳҳо ПБ-ҳои навро бо дархости муштариён насб мекунад - аммо дар баробари ин, дар якчанд сол танҳо як маротиба ва на он қадар зиёд нархи тарофаҳоро баланд мебардорад, гуфтаҳои болоро дар хотир бояд нигоҳ дошт.
Лентаи хабарҳо
0