Ҷузъиёт дар бораи Фаридуни Шамсиддин*: Аз бачабозию ҳабс дар Ватан то равобит дар Туркия

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкФаридуни Шамсидин, задержанный по подозрению в террористическом акте в "Крокус Сити Холл"
Фаридуни Шамсидин, задержанный по подозрению в террористическом акте в Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Нафаре, ки роҳбари ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Ҳоли шаҳри Красногорск шинохта мешавад, ҳанӯз дар мактаб ҷинояти аввалини худро анҷом дода будаст
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Муттаҳам дар ташкили ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Ҳол замони мактабхонияш барои дастдарозӣ ба як бача зиндонӣ шуда буд.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, Фаридуни Шамсиддин* ҳанӯз дар синни 16-солагӣ, ки дар синфи 9-ум мехонд, ба як мактаббачаи синфи 6- ум дастдарозӣ кард ва бо ҳукми суди ноҳияи Ҳисор ба шаш сол равонаи зиндон шуд.
“Вай соли 2020 аз зиндон берун омада, ба Маскав рафт ва он ҷо бо аробакашиву кор дар сохтмон машғул буд. Ду соли пеш ба ватан баргашта, хонадор шуд ва ҳоло як тифли 9-моҳа дорад”, - гуфт манбаъ.
Ин манбаъ тафсилоти ҷолибе низ аз робитаи Фаридуни Шамсиддин* бо дойираҳои ифротгароёни тоҷик, ки дар Туркия зиндагӣ мекунанд, ба даст медиҳад.
Генеральный директор медиагруппы Россия сегодня Дмитрий Киселев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2024
Ҳукми қатли террористон ғайриимкон аст: Киселёв гуфт, азми қасос набояд хирадро тира кунад
“Авоили соли равон вай ба шаҳри Истанбули Туркия рафт. Якбора ба Туркия рафтани як аробакаш барои рафиқонаш суолангез буд. Маҳз он замон дар суҳбат бо рафиқону наздиконаш нишонаҳои тундгароӣ дида мешуд, аммо мегуфт, ки назди рафиқонаш аст ва ин ҷо кор карданист”, - гуфт манбаъ.
Ба қавли ӯ, боздошти чиҳил нафаре, ки дар Туркия бо иттиҳоми узвият дар ДОИШ** ба вуқуъ пайваст, маҳз ба маълумоти Фаридуни Шамсиддин* сурат гирифтааст.
“Ҳол тахмин ин аст, ки маҳз дар он замон Фаридун омӯзишҳо ва омодагиҳои заруриро барои анҷоми як амалиёти террористӣ гирифтааст. Ӯро устодону мураббиёне тарбия кардаанд, ки дар Афғонистону Сурия дар сафи ДОИШ** ҷангидаанд”, - гуфт манбаъ.
Ин манбаъ инро, ки Фаридуни Шамсиддин* оё фақат дар Туркия омӯзишу тарбияти террористиро ба анҷом расондааст, ё кишварҳои дигар, аз ҷумла Афғонистону Сурия ва Ироқ, кишварҳое, ки ДОИШ** ҳузур фаъол дорад, изҳори беиттилоотӣ кард.

Амали террористӣ дар "Крокус сити холл"

Ҳамла ба толори консертии Крокус сити холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.
Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.
Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Муттаҳамон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, гуфта мешавад, ки қасди фирор ба Украинаро доштаанд.
Додгоҳи Басмани Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Мақомот мегӯянд, дар маҷмӯъ дар ин парванда 11 нафар боздошт шудаанд.
*-дар феҳрасти афроди алоқаманд ба терроризму экстремизм қарор дорад.
**-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.
Лентаи хабарҳо
0