Даргузашти устоди волейболбозони Тоҷикистон

© Пресс-служба РТСУНурали Сабзалиевич Одинаев
Нурали Сабзалиевич Одинаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2024
Обуна шудан
Яке аз чеҳраҳои собиқадори варзиши Тоҷикистони шӯравию замони истиқлол, устоди варзишу довари байналмилалӣ Нуралӣ Одинаев даргузашт
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Нуралӣ Одинаев, ки миёни доираҳои варзишӣ дар Тоҷикистон бештар чун Нур машҳур аст, дар соли 87-уми умр даргузашт.
Дар ин бора наздикони Нур Одинаев дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо таассуфи бузург хабар додаанд.
Марҳум аз устодони аслии волейболбозони тоҷики замони шӯравӣ ва истиқлол дар Тоҷикистон шинохта мешуд, ки даҳсолаҳои охир дар кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия фаъолият дошт. Вай 25 июни соли равон бояд 87-сола мешуд.
Раёсати донишгоҳ аз даргузашти Одинаев изҳори ҳамдардӣ карда, зикр намудаст, ки марҳум тамоми умри худро ба варзиши волейбол бахшид.
Могила Махкамова Каххора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2024
Мотам дар варзиш: даргузашти 2 чеҳраи шинохтаи Тоҷикистон
Дар донишгоҳи мазкур, Одинаев аз соли 2002 то 2008 дар вазифаҳои омӯзгорӣ, мураббӣ ва сипас мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ кор кардааст. Аз соли 2008 то соли 2024 дар вазифаи муаллими калони кафедра будаст.
Бо роҳбарии ӯ дастаҳои волейболбозони Донишгоҳи славянӣ борҳо ғолиби чемпионати ҷумҳуриявӣ дар риштаи волейбол гардидаанд, дар мусобиқоти шаҳрию минтақавӣ низ шикаст надида буданд.
Барои дастовардҳо, Одинаев чӣ дар замони шӯравӣ ва чӣ дар давраи истиқлолият бо ҷоизаҳо қадрдонӣ мешуд.
Аз ҷумла ҳанӯз соли 1962 устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравиро гирифта, мураббии хидматнишондодаи Тоҷикистон буд. Марҳум ҳамчунин аълочии маорив, довари дараҷаи байналмилалӣ ва корманди шоистаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буд, ки чандин нишону медалҳо гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0