Раҳмон теъдоди мутахассисон дар "Роғун" ва ҳаҷми маошашонро гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевРогунская ГЭС
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз насли хурдсоли кишвар хост, ки хуб таҳсил кунанду аз ин роҳ мутахассис шаванду барои худ ҳаёти арзандаро таъмин созанд
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар "Роғун" ҳудуди 16 ҳазор мутахассис кор мекунанд, ки беш аз 99%-и онҳо худи тоҷиконистониҳоянд.
Ин нуктар раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбаташ бо кӯдакон дар Суғд баён дошта, аҳамияти таҳсил ва мутахассис шуданро таъкид намуд.
Раҳмон гуфт, мутахасисон дар "Роғун" дар чуқурии то 300 метр кор мекунанд, чун қисмати аъзами нерӯгоҳ маҳз дар зери замин сохта мешавад. Президент гуфт, мутахассисон дар "Роғун" то 10- 15 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон дар назар аст, ки барои сохтмони нерӯгоҳи мазкур 5 млрд сомонӣ равона гардид. Вазорати молия мегӯяд, талош мекунанд, 2,2 млрд сомониро аз хориҷ ва боқимондаро аз манобеи дохилӣ ҷалб созанд.
Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2024
“Айби табиат ё мудирият”: чаро барқ дар Тоҷикистон нест?
Соли гузашта аз буҷаи Тоҷикистон барои сохтмони НБО "Роғун" 5,2 млрд сомонӣ сарф шуд, ки нисбати нақша 2,7 млрд сомонӣ зиёд аст.
Вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, ҳадаф нигоҳ доштани суръати сохтмони нерӯгоҳ, ҷойҳои корию расидан ба истиқлоли энергетикӣ мебошад, илова намуд вазир.
Мақомоти энергетикии Тоҷикистон қаблан изҳор доштанд, ки барои татбиқи "Роғун" ҳамасола зарур аст, ки ҳудуди 1 млрд доллари амрикоӣ равона карда шавад.
Вазири молияи Тоҷикистон дар шарҳи он, ки оё ин имконпазир аст, изҳор дошт, ки тамоми талошҳо барои ҷалби маблағгузориҳо ба бунёди нерӯгоҳи "Роғун" амалӣ шуда истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0