Санҷиши саросарии русидонӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд

© Foto / Русский дом в Таджикистане"Тотальный диктант" в Таджикистане
Тотальный диктант в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2024
Обуна шудан
Маъракаи "Диктанти саросарӣ" ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳам русзабон ва ҳам онҳое, ки онро ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд, равона шудааст
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Точикистон чорабинии калони маданию маърифатии солонаи "Диктанти саросарӣ" барпо гардид, хабар медидад Хонаи русӣ дар ҷумҳурӣ.
Ин чорабинӣ аз ҷониби намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон ва ҳамчунин маркази фарҳангию маърифатии русии "Эҷод" дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки маъракаи "Диктанти саросарӣ" ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳам забони модарии русзабонон ва ҳам онҳое, ки онро ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд, равона шудааст.
Ва шиори ин чорабинии маърифатӣ ибораи "Дуруст навиштан муд аст!", мебошад.
Соли равон созмондиҳандагон ба "Диктанти сартосарӣ" як навоварӣ илова карданд - барои кӯдаконе, ки забони русиро ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд, аз тести дорои 10 суол пешниҳод карданд.
Открытие класса для изучения русского языка в школе №75 города Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2024
Дар Маскав мушкилоти таҳсили фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар Русия баррасӣ шуд
Дар чорабинӣ мактаббачагон, донишҷӯён, иштирокдорони лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа", рӯзноманигорон, пизишкон, соҳибкорон ва намояндагони дигар бахшҳо русидонияшонро санҷиданд. "Россотрудничество" афзуд, ин бори аввал нест, ки бисёриҳо дар ин иқдом ширкат мекунанд.
"Имлои саросарӣ" барномаи омӯзишиест ки аз соли 2004 бо ҳадафи густариши савод дар Русия ва бархе дигар аз кишварҳо баргузор мешавад. Ин барнома имкон медиҳад ки хоҳишмандон саводу русидонии худро бисанҷанд.
Дар ин озмун, ки маъмулан ба забонҳои русӣ ва миллии ҳар кишваре баргузор мешавад, матнҳоеро аз маъруфтарин шоирон, нависандагон, намоишноманависон ва рӯзноманигорон мехонанд ва ширкаткунандагон бознависӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0