Мушкили истеҳсолкунандаҳо ҳангоми иваз кардани ҷойномҳо дар ИИАО ҳал карда шуд

© Sputnik / Светлана Шевченко / Гузариш ба медиабонкЕвразийский экономический форум в Москве
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2024
Обуна шудан
Шӯрои Комиссияи иқтисодии Авруосиё ба регламентҳои техникии иттиҳод дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва тамғагузории онҳо тағйирот ворид кард
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Номивазкунии бархе ҷойномҳо масъалаи тамғагузории молҳо ва гардишашон дар муомилотро мубрам кардааст.
Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ба регламентҳои техникии иттиҳоди гумрукӣ дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва тамғагузории онҳо тағйирот ворид кард.
Ин тағйирот ба имкони воридоти маҳсулоти ғизоӣ ба муомилот бидуни тағйир додани тамғагузории онҳо ҳангоми тағйир додани макони ҷойгиршавии ташкилот ё соҳибкори инфиродӣ равона шудаст.
ЕАЭС-2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2024
Кӣ узвияти Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар ИИАО намехоҳад? Посухи коршинос
Тағйиру иловаҳо аз ҷониби Қазоқистон дар робита ба муроҷиат ба мақомоти давлатӣ аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ, ки бо мушкилоти иваз кардани тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми иваз кардани номи шаҳр, ноҳия, кӯча ва ғайра рӯбарӯ буданд, пешниҳод шудааст.
Тибқи тағйироте, дар давоми 36 моҳ аз рӯзи иваз кардани номи шаҳр, ноҳия, кӯча ва ғайра, ки ҳамчун маълумот оид ба суроғаи ҷойгиршавии истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ зикр шудаст, номҳои пешина иҷозат дода мешавад, ба шарте ки ҷойгиршавии воқеии ҷуғрофӣ ва ҷои воқеии истеҳсолот бетағйир боқӣ монад.
Тағйирот ба регламентҳои техникӣ дар давоми 180 рӯз баъди интишори расмии қарори Шӯрои ИИАО дар ин бора пешбинӣ карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0