Даҳҳо зану кӯдаки дигари тоҷик аз Сурия баргардонда шуданд

CC0 / Pxhere / Одинокий ребенок на улице, архивное фото
Одинокий ребенок на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2024
Обуна шудан
Тоҷикистон солҳои охир садҳо шаҳрвандаш, умдатан занону кӯдаконро аз Сурия ва Ироқ баргардонда, бо марҳилаи офиятбахшию ҳамгироии иҷтимоӣ фаро гирифт
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Гуруҳи занону кӯдакони тоҷик, ки дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ солҳо дармонда буданд, ба Тоҷикистон баргардонда шуданд. Ин гуруҳи чоруми занону кӯдакон мебошад, ки тайи солҳои охир аз урдугоҳҳои Сурия ва Ироқ ба Ватан оварда шудаанд.
Ҳавопаймои махсус ахиран боз 47 нафар, узви 13 оиларо ба фурудгоҳи Душанбе овард. Дар ин миён 15 зан, 17 духтар ва 15 писар мебошанд, ки Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.
Тайи солҳои охир Тоҷикистон садҳо шаҳрвандонаш, умдатан занону кӯдаконро махсусан аз Сурия баргардонд. Инҳо занону кӯдакони собиқ ҷангиёни ДОИШ* мебошанд, ки ба иттилои мақомоти Сурия худашон дар ҳеч ҷиноёте даст надоштаанд.
Турецкие солдаты в Сирии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Сурия аз Туркия даъват кард, ки нерӯҳояшро аз ин кишвар берун кунад
Падарони ин хонаводаҳо ё кушта шудаанд ё дар боздоштгоҳҳо қарор доранд, ки боиси саргардонии занону кӯдаконашон шудааст.
Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор нафар шаҳрвандонашро аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонидааст.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни конфронси амниятӣ дар Душанбе гуфт, бо мақсади пешгирӣ аз шомил шудан ба сафи созмонҳои террористиву ифротӣ беш аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ баргардонда шуданд.
Ҳамчунин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик ба Ватан баргардонида шуданд, таъкид дошта буд ӯ.
Занону кӯдакони овардашуда одатан дар Тоҷикистон бо корҳои офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд ва бо онҳо мутахассисон кор мекунанд, изҳор медоранд мақомоти Тоҷикистон.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0