Мунтахаби Тоҷикистон аз тими футзали Таиланд шикаст хӯрд

© Foto / Tajikistan Football Federation|Сборная Таджикистана по футзалу вышла в полуфинал Кубка Азии-2024
Сборная Таджикистана по футзалу вышла в полуфинал Кубка Азии-2024 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2024
Обуна шудан
Даври асосӣ ва иловагии бозии мунтахабҳои Тоҷикистону Таиланд дар риштаи футзал дар бо ҳисоби 3:3 анҷомиду зӯрозмоӣ ба зарбаҳои ҷаримавӣ расид
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё - 2024 бо соҳибони майдон тими Таиланд зӯрозмоӣ карда, дар даври зарбаҳои ҷаримавӣ бохт.
Бозӣ дар даври асосӣ нахуст бо пешсафии Тоҷикистон ҷараён дошт ва ҳисоб 3:1 буд. Аммо мунтахаби мизбон тавонист ҳисобро 3:3 кунад ва бозиро ба даври иловагӣ кашонд. Дар ин давр низ пирӯз муайян нашуд ва зӯрозмоӣ ба зарбаҳои ҷаримавӣ расид, ки дар он бахти тими меҳмон омад накард.
Қаблан дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бар тими миллии Афғонистон пирӯз шуд. Сабқат бо мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 2:1 анҷомид.
"Мунтахаби футзали Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърих ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёфта, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024 шуд", - зикр намуд ФФТ.
Болельщики ФК Равшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2024
"Равшан"- и Кӯлоб ба дастоварди беназир дар таърихаш даст ёфт
Ҷоми ҷаҳон соли равон миёни мунтахабҳои футзал аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Қаблан футзалбозони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 бо қаҳрамони феълии Осиё - Ҷопон зӯрозмоӣ карда, бозиро мусовӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом доданд.
Ҳамин тариқ дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар гурӯҳи "С" мақоми аввалро касб карда, ба даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок роҳ ёфта буд.
Дар даври аввал тими миллии футзали Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 бар мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ пирӯз гардида, дар даври дуюм бо тими миллии Қирғизистон мусовӣ 2 бар 2 бозӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0