Ёдашон ҷовидонист! Лавҳаи номи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Мастчоҳ навсозӣ шуд

Обуна шудан
Дар умум аз ин ноҳия дар шимоли Тоҷикистон зиёда аз ду ҳазор ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сафарбар гардидаанд, ки сеяки онҳо барнагаштаанд
Масъулони ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ номи ҳудуди 600 зодаи ноҳияро, ки дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон дода буданд, дар лавҳаи хотирот сабту бозсозӣ кардаанд.
Гушаи шаҳидони ҶБВ, ҳоло яке аз қисматҳои асосии боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳияи Мастчоҳ аст.
Лавҳаи ёдбудии шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳанӯз аз замони шӯравӣ пойбарҷо буд ва баъди бунёди боғи нави фарҳангию фароғатӣ ин гуша бозсозӣ карда шуд, гуфт раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳияи Мастчоҳ, Сурайё Ёқубова.
Тоҷикистон Рӯзи Ғалабаро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Маврид ба зикр аст, ки зиёда аз ду ҳазор ба Ҷанги Бузурги Втанӣ ба ҷабҳа сафарбар гардида, аз ин шумор беш аз 600 нафар барои дифои Ватан шарафмандона ҷони худро қурбон кардаанд.
Чанде қабл масъулони ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар ин боғ нимпайкараҳои қаҳрамонони ҷангу меҳнатро гузоштанд, ки дар солҳои 1941 – 1945 корномаҳои беназир нишон додаанд.
Ба ин тартиб масъулони ҳукумат бозсозии гушаи шаҳидон ва нимпайкараҳои қаҳрамононро арҷгузорӣ ба фидокориҳои шоистаи собиқадорону заҳматкашони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дониста, мегуянд, ки ин василаи тарбияи маънавии насли нав дар рӯҳияи меҳнатдӯстию ватанпарастӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0