Путин: Нерӯҳои стратегии Русия ҳамеша дар ҳолати омодагии ҷангӣ ҳастанд

© Foto / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия зимни суханрониаш дар Майдони Сурх таъкид кард, ки намегузорад, касе ба кишвараш таҳдид кунад.
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Владимир Путин раисҷумҳури Русия зимни суханрониаш дар режаи низомӣ дар Майдони Сурх дар Маскав гуфт, нерӯҳои стратегии Русия ҳамеша дар ҳолати омодагии ҷангӣ ҳастанд.
Вай гуфт, Русия ҳама корро мекунад, то аз даргирии ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ кунад ва намегузорад, касе ба Русия таҳдид кунад.
"Русия тамоми чораҳоро меандешад, то аз даргириҳои ҷаҳонӣ пешгирӣ кунад, аммо дар баробари ин мо намегузорем, ки касе ба мо таҳдид кунад", - гуфт ӯ
Путин илова кард, ки Русия иддаои ҳама гуна давлат ё иттиҳодро дар бораи истисноӣ рад мекунад,.
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2024
Путин: Ҳақиқатро дар бораи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ талош доранд таҳриф кунанд
“Маълум аст, ки ҷоҳталабӣ ё мансабпарастӣ ба чӣ оварда мерасонад”, гуфт президенти Русия.
Вай илова кард, ки падарону падарбузургони мо зодгоҳи худро муҳофизат намуда, фашистонро торумор ва халкдои Арупоро озод карданд, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
Путин дар Паради Ғалаба дар Майдони Сурх бори дигар таъкид кард, ки интиқомгирӣ, масхара кардани таърих ва сафедкунии нозӣ як ҷузъи сиёсати умумии нухбагони ғарбӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0