20:02 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Человек в наушниках

Дар Тоҷикистон сири "гӯш кардан" ифшо шуд

© Flickr/ Philippe Put
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Privacy International маълум кард, ки мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳама гуна гуфтугӯ ва садои шаҳрвандонашонро гӯш мекунанд ва дар ин ҷода ба онҳо ширкатҳои маҳалливу хориҷе, ки дар бахши алоқа фаъолият доранд, кӯмак менамоянд.

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҳукуматҳои давлатҳои Осиё Марказӣ ба таври васеъ аз фанноварии муосири назоратӣ истифода бурда, шаҳрвандонашонро таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳанд. Дар ин бора дар гузориши Privacy International қайд гардидааст.

Созмони мудофеи ҳуқуқи Privacy International (аз Британия) тайи як соли ахир таҳқиқотеро дар ин масир анҷом дод ва ба хулосае расид, ки мақомоти ОМ, аз ҷумла Тоҷикистон бо истифода аз ташкилотҳои хориҷӣ ва маҳаллӣ, ки дар бахши алоқа фаъолият доранд, гуфтугӯи сокинон ва ҳама гуна фаъолияти онҳоро тариқи Интернет назорат мекунанд.

Дар гузориши "Манофеи хусусӣ: Назорат дар Осиёи Марказӣ"  руйхати барномаҳои назораткунада ва ҷосусӣ (истихборотӣ), инчунин шаклҳои мухталифи фанноварии ҷадид барои гӯш кардани сокинон, ки онҳоро ширкатҳо аз Олмон, ИМА, Британияи Кабир ва Исроил ворид мекунанд, ҷо дода шудааст.

"Фурӯши чунин таҷҳизот ба кишварҳои ОМ нақзи ҳуқуқи байналмилалист. Аз ин рӯ, ҳукуматҳои мамолики Ғарб ӯҳдадоранд, содироти фанноварӣ ва маҳсулоти технологиро ҷиддӣ назорат кунанд ",-омадааст дар ҳисобот.

 Ҳолатҳое мешаванд, ки ҳукумат бояд ба таври қонунӣ гуфтугӯ ва иртиботи сокинонро гӯш кунад, аммо зарур аст ин амал дар чорчӯби қонун сурат бигирад. Муаллифони гузориш менависанд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ як чунин меъёр (чорчӯб) вуҷуд надорад ва табиист, ки ҳукумат аз ин сӯистифода мекунад.
Дар гузориш қайд гардидааст, ки ҳарчанд низоми назорат ва гӯш кардани сокинон дар Тоҷикистон ба он дараҷае рушд накардааст, ки баробар бо Қазоқистону Ӯзбакистон бошад, аммо он аз ҳамсоякишварҳо қафо монданӣ нест.

" Privacy International санадеро аз соли 2009 дар ихтиёр дорад, ки дар он ширкати олмонии Trovicor GmbH ба ВКД ҶТ маркази назоратӣ ва мониторинги ҳамаи ширкатҳои мобилиро пешниҳод сохтааст. Аммо дар бораи татбиқи ин тарҳ чизе маълум нест",- омадааст дар ҳисобот.

Ба ғайр аз ин дар гузориш қайд мешавад, ки дар ҳоли ҳозир мақомоти интизомии Тоҷикистон барномаи вижаи троянӣ- FinFisher доранд. Ин барнома аз муосиртарин фанноварӣ дар ҷаҳон маҳсуб гардида, тариқи барномаи мазкур ба роёна ва таҷҳизоти дигари электронии корхонаҳо ворид шудан мумкин аст.

  Шаҳрвандони кишвар дар бораи то куҷо амн будани гуфтугӯи телефониро интизоранд, аммо бархе аз муҳаққиқони бахши зиндагии хусусӣ тавсия медиҳанд, ки ҳангоми гуфтугӯ аз тариқи интернет одам бояд дар бораи чӣ гуфтану чӣ нагуфтанаш андеша кунад. Онҳо ҳамчунин маслиҳат медиҳанд, ки ба чигунагии рафтори ширкати таъминкунандаи хадамот зимни ҳифзи иттилоъ ва бархӯрдаш ба талаби мақомоти расмӣ барои дастрасӣ ба иттилои ҳифзшуда таваҷҷӯҳи хоса кунанд. Зимнан, баҳси тақозои мақомот барои дастрасӣ ба интернет, бархӯрди ширкат ба он ё ва дар кадом ҳолат дар ихтиёри ҳукумат гузоштан ё нагузоштани иттилоъ миёни ҳукуматҳо ва таъминкунандагони интернет идома дорад.

Осиёи Марказӣ минтақаи зарурӣ барои "таҷриба" дар бахши татбиқи барномаҳои назоратӣ ва фанноварии муосири ҷосусӣ аст, зеро маҳз дар ин қаламрав низомҳои худкома (авторитарӣ)ҳукфармо мебошанд, менависанд гузоришгарон.

Барчаспҳо:
сир, асрор, алоқа, ҳисобот, гузориш, Trovicor GmbH, ҷосусӣ, гӯш кардан, ОМ, Privacy International, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ