06:29 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Президенти ҶТ фармони таъини муовинони додситониро имзо кард

© Sputnik / Михаил Климентьев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Дар пайи ба даст омадани розигии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон аз ҷониби президент фармони таъини муовинони додситонии кулро имзо кард. Аъзои маҷлис ба фармонҳои президенти кишвар барои аз вазифа озод намудани муовини якум ва муовинони қаблии прокурори генералӣ ва ба ҷойи онҳо таъин кардани шахсони дигар ризоият додаанд.

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд фармон муовинони додситони кулли Тоҷикистонро таъин кард, иттилоъ медиҳад сойти президент.

Тибқи ин фармонҳо, Назарзода Ҳотам Назрулло муовини аввал, Муҳаммадиброҳим Осимзода ва Ваҳобов Валӣ Манонович муовини прокурори генералии Тоҷикистон таъин шуданд. Инчунин, бо фармони президент Мирзозода Сафаралӣ Раҳим муовини додситони кулл — Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон таъин гардид.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур менависад, ин тағироти кадрӣ дар пайи ба даст омадани розигии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аъзои маҷлис ба фармонҳои президенти кишвар барои аз вазифа озод намудани муовини якум ва муовинони қаблии прокурори генералӣ ва ба ҷойи онҳо таъин кардани шахсони дигар ризоият додаанд.

Ёдрас менамоем, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар моҳи феврал дар ҷаласаи Шӯрои амният аз фаъолияти додситонии кулл ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танқид кард ва дастур дод, тамоми муовинон ва додситонҳои вилоятҳои Тоҷикистон аз мақом барканор шаванд. Ба дунбол, Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон 18 феврал Мирзошариф Шарифзода — додситони шаҳри Душанбе, Муҳаммадхоҷа Арбобов, додситони вилояти Бадахшон, генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода — додситони вилояти Суғд ва Сироҷиддин Нурзода — додситони вилояти Хатлонро аз мақомашон барканор намуд.

Ҳамзамон, 18 феврали соли равон Эмомалӣ Раҳмон санади барканории муовинони Додситони кулл — Абдуқодир Муҳаммадиев (муовинни аввал), Ҳабибуло Воҳидов, Абдурашид Кишварзода (муовинон) ва Хайрулло Саидов (муовини прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон)-ро ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда буд.

 

Барчаспҳо:
фармони райисҷумҳур, бо розигии Маҷлиси Миллӣ, муовинон таъин шуданд, прокуратураи генералӣ, додситонии кулл, Юсуф Раҳмонов, Ҳабибуло Воҳидов, Абдулқодир Муҳаммадиев, Абдурашид Кишварзода, Мирзозода Сафаралӣ, Назарзода Ҳотам Назрулло, Муҳаммадиброҳим Осимзода, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ