20:02 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Ҷойивазкунии мақомот дар Тоҷикистон идома дорад

© Sputnik / Алексей Никольский
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Эмомалӣ Раҳмон ҷойивазкунии мақомоти ҷумҳуриро идома дода ва ин даъфа тағйирот шаҳрдории Душанбе ва се аз чаҳор навоҳии пойтахт ва чанд ниҳоди дигарро фаро гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муъовинони шаҳрдори Душанбе, раисони бархе аз навоҳӣ ва ниҳодҳои давлатиро иваз кард, хабар медиҳад сомонаи раҳбари кишвар.

"Руасои навоҳии пойтахт, Сино — Зафар Сафаров, Фирдавсӣ — Саиднуриддин Алиев, Шоҳмансур — Самандар Бобоев ва ҳамчунин раиси ноҳияи Нурободи кишвар Сайдамир Сиемарзода аз вазифаҳои худ ба далели ба кори дигар гузаштан озод шудаанд", — омадааст дар хабар.

Тибқи иттилоъи маркази матбӯъотии раҳбари кишвар Саиднуриддин Алиев иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сино, Ҷамшед Табаров иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ таъйин шудаанд. Сайдамир Сиемарзода раҳбарии ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро бар ӯҳда гирифтааст.

Раиси ҷумҳур Ҳасан Дӯстзодаро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод таъйин кардааст.

Бо фармонҳои дигари раиси ҷумҳур Зафар Самадов муъовини аввали мудири Ожонси назорат бар маводди мухаддир ва Муртазо Ҳайдарзода муъовини раҳбари ин ниҳод таъйин шудаанд.

Бек Қурбонов муъовини аввали раиси Комитети рушди маҳал дар назди раёсати ҷумҳурӣ ва Тоҷиддин Ҷӯразода муъовини дигари раҳбари ин ниҳод таъйин шуданд.

Шӯҳрат Мақсудзода аз вазифаи раҳбари раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ба далели ба кори дигар гузаштанаш озод шудааст.

Ҳамчунин тағйирот дар шаҳрдории Душанбе низ сурат гирифтаанд. Аз вазифаҳои худ муъовини аввали шаҳрдор Насрулло Хайруллоев ва муъовинони шаҳрдор Бурҳон Назаров, Ҷамшед Мансуров бо истилоҳи "ба далели ба кори дигар гузаштан" ва Руқия Қурбонова "ба далели бознишастагӣ" озод шудаанд.

Муъовини аввали шаҳрдори Душанбе Ашӯрбег Расулов ва муъовинон Ҷамила Лангариева, Шӯҳрат Мақсудзода ва Шакарбек Самадов таъйин шудаанд.

Мавзуъ

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ВКД Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маорифи Тоҷикистон
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, раёсати ҷумҳурӣ, Шакарбек Самадов, Ҷамила Лангариева, Ашӯрбег Расулов, Ҷамшед Мансуров, Бурҳон Назаров, Насрулло Хайруллоев, Шӯҳрат Мақсудзода, Тоҷиддин Ҷӯразода, Бек Қурбонов, Муртазо Ҳайдарзода, Зафар Самадов, Ҳасан Дӯстзода, Ҷамшед Табаров, Сайдамир Сиемарзода, Самандар Бобоев, Саиднуриддин Алиев, Зафар Сафаров, Нуробод, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ