02:06 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Сикказании тангаҳо. Акс аз бойгонӣ

Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои 500-сомонӣ нашр кард

© Sputnik / Григорий Сысоев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Гирдоварандагони тангаҳои нодир имкон пайдо карданд, ки ҳазинаи худро бо тангаҳои нуқрагӣ, ки Бонки миллӣ ба манзури ҷашнҳо нашр кард, ғанӣ гардонанд.

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон шаш намуди тангаҳои нуқрагии хотиравии 500 сомониро ба манзури ҷашнҳо нашр кард, хабар медиҳад сомонаи БМТ.

Тангаҳои хотиравӣ ба манзури 600 солагии шоир, нависанда ва файласуфи бузурги адабиёти тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомӣ, 700 солагии шоири тоҷику форс ва файласуф Алӣ Ҳамадонӣ, 20 солагии Қонуни асосии Тоҷикистон нашр шуданд. Ҳамчунин дар миёни ин тангаҳо се шакли тангаҳои хотиравӣ ба манзури 90 солагии Душанбе ҳастанд.

Дар тангаҳои нашршуда ба манзури ҷашни Душанбе намои театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон сикка зада шудаанд.

"Тангаҳои хотиравӣ тибқи маъмул дар корхонаи сиккабарории Майер дар Олмон бо истифода аз фанновариҳои ҷадиди сохти тангаҳои нодир тавлид шудаан", — омадааст дар хабари ин ниҳод.

Бори ахир Бонки милли чунин тангаҳоро соли 2014 нашр карда буд. Панҷ намуди тангаҳои хотиравӣ бо арзиши 50 ва 100 сомонӣ ба манзури "5500 солагии Саразм", "3000 солагии Ҳисор" ва бозиҳои Олимпӣ аз қабили "Ҷаҳиш бо лижа аз баландӣ", "Слалом" ва "Биатлон", ки аз нуқраи соф барои гирдоварандагони тангаҳои нодир нашр шудаанд.

Тангаҳои нодири тиллоӣ барои охирон бор аз сӯйи Бонки миллӣ соли 2006 нашр шуданд. Тангаҳои бо арзиши 50,100 ва 200 сомонӣ ба манзури 15 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, 2700 солагии шаҳри Кӯлоб ва Соли гиромидошти тамаддуни ориёӣ бароварда шуданд.

Мавзуъ

БМТ рушди андаки иқтисод дар оғози соли 2015-ро зикр кард
Барчаспҳо:
нашри тангаҳои нодири хотиравӣ, БМТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ