06:28 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар Душанбе ҷашнвораи театрии “Парасту” баргузор мешавад

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Барои аввалин бор ба ҳайати доварони ҷашнвораи “Парасту-2015”, ки ба 100-солагии Ҳунарманди мардумии ИҶШС (СССР) Аслӣ Бурҳонов бахшида шудааст, театршиносон, ҳунармандони санъат ва чеҳраҳои шинохтаи фарҳангии ИДМ шомил гардиданд.

ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Аз 15 то 19-уми июн дар Душанбе баргузории ҷашнвораи ҷумҳуриявии ҳамасолаи театрҳои касбӣ таҳти унвони "Парасту-2015" дар назар аст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Фестивали имсола ба хотири ёдбуд ва гиромидошти Ҳунарманди мардумии ИҶШС Аслӣ Бурҳонов бахшида шудааст.

Барои аввалин бор ба ҳайати доварони ҷашнвораи "Парасту-2015" театршиносон, ҳунармандони санъат ва чеҳраҳои шинохтаи фарҳангии ИДМ шомил гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир корҳои омодагӣ аз ҷониби муассисаи давлатии "Базморо" ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон идома доранд.

Маросими ифтитоҳ ва хотимаи ҷашнвора дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мутаносибан рӯзҳои 15 ва 19-уми июн доир мегардад.

Ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбии мамлакат таҳти унвони "Парасту" дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1988 ба ин сӯ баргузор мешавад. Фестивали қаблӣ бошад, соли 2013 ба 100-умин солгарди Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон София Тӯйбоева бахшида шуда буд.

 

Барчаспҳо:
ёдбуди Ҳунарманди мардумии СССР, ҷашнвораи театрҳои касбии мамлакат, ҷашнвораи "Парасту-2015", театри опера ва балети ба номи Айнӣ, София Тӯйбоева, Аслӣ Бурҳонов, ИДМ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ