ВКД: дар рӯзҳои истироҳат 8 нафар ба ҳалокат расидааст

© Sputnik / Илья ПиталевСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар иттилои сомонаи ВКД, дар ду рӯзи истироҳати 19 ва 20 сентябр дар саросари Тоҷикистон 6 садамаи нақлиётӣ сар задааст, ки зимнан 8 нафар, аз ҷумла ду ноболиғ ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар рӯзҳои истироҳати гузашта дар пайи садамаҳо дар саросари кишвар 8 нафар кушта шудааст, ки аз ин шумор 2 нафар ноболиғ ҳастанд, менависад сомонаи ВКД.

Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Собиқ муовини вазири умури дохила дар садама ба ҳалокат расид

Дар ду рӯзи истироҳати 19-20-уми сентябр 6 садамаи нақлиётӣ сар задааст. Тавре сомонаи ВКД менависад, 19 сентябр як ронандаи 28-сола, сокини ноҳияи Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Қурғонтеппа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон ба ба самти муқобили роҳ баромада бо ронандаи дигар — сокини Бохтар бархурдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи дуюм ва мусофири автомашина — писари 26-солааш, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Дар ҳамон рӯз як сокини ноҳияи Панҷакент дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба ҷарии баландиаш 50-метр чаппа шудааст. Дар натиҷа, худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири мошин — зани 55-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Рӯзи якшанбеи 20 сентябр дар ноҳияи Ёвон дар пайи садама 2 зан: яке 73-сола ва дигари 50-сола дар ҷои ҳодиса кушта шудаанд. Ронанда ва дигар мусофиронаш: зани 72-сола, марди 25-сола ва духтарчаи 5-сола; ҳамагӣ сокинони ноҳияи Ёвон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар он рӯз дар ноҳияи Конибодом низ садама рух додааст, ки боиси марги як нафар гардидааст.

Дар шаҳри Душанбе низ як ронанда писарбачаи 9-соларо зер кардааст, ки натиҷаи ҷароҳатҳо он писарбачча ба ҳалокат расидааст.

Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд низ рӯзи якшанбе садама рух дода, боис ба марги як хурдсоли 9-сола гаридааст.

Лентаи хабарҳо
0