Эмомалӣ Раҳмон: ба Ҳисор 1 миллиард сомонӣ равона мегардад

Обуна шудан
Дар маҷмуъ раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ кариб 1 миллиард сомонӣ барои ободонии ноҳияи Ҳисор равона мегардад.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз таҷлили 3000 — солагии Ҳисорро дар баробари арҷгузории таърих, инчунин ба шаҳри зебою муосир табдил додани ин диёри куҳан номид, омадааст дар сомонаи президент.

Президент ба Ҳисор рафт

Раисҷумҳур дар маросими ифтитоҳи Кохи фарҳанг, осорхона, китобхона, литсейи президентӣ ва чанд иншооти дигар иштирок карда, афзудааст, танҳо тавассути Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи президент бо харҷи беш аз 190 миллион сомонӣ як қатор иншооти муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони варзишгоҳи марказӣ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, азнавсозии қалъаи Ҳисор, сохтмону барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва чандин иншооти дигар дар ҳоли анҷомёбӣ қарор доранд.

"Инчунин, бояд гуфт, ки то имрӯз аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ даҳҳо иншоот ба маблағи умумии кариб 200 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, бунёди даҳҳо иншооти дигар, аз ҷумла чойхонаи миллӣ, боғи фарҳангу фароғат, корхонаву коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ, толору майдонҳои варзишӣ, марказҳои тандурустиву хизматрасонӣ ва монанди инҳо ба маблағи 320 миллион сомонӣ босуръат идома дорад, ки 55 адади онҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ мебошанд", — гуфтааст раисҷумҳур.

Омодагиҳо барои таҷлил аз 3000-солагии қалъаи Ҳисор - Sputnik Тоҷикистон
Қалъаи Ҳисор дар асоси бозёфтҳои археологӣ бозсозӣ шуд

Дар маҷмуъ раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки дар асоси қарорҳои қабулшуда барои барқарорсозии ёдгориву иншооти таърихӣ ва бунёди иншооти гуногун ва ба ин васила боз ҳам ободу зебо гардонидани ин гӯшаи таърихии кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ кариб 1 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин шароити мураккабу печидаи авзои сиёсии ҷаҳонро зикр карда, илова намудааст, ки ҳар яки мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро сидқан дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандонаи худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0