Бонки миллӣ барои сокинон хидматрасонии ҷадидро ба роҳ монд

© SputnikБинои БМТ, Акс аз бойгонӣ
Бинои БМТ, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯъбаи махсуси ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ мунтазири дархост ва арзу шикоятҳои сокинон дар мавриди хадамоту хизматрасониҳои бонкҳо дар саросари кишвар мебошад.

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Тибқи пешниҳодоти Бонки ҷаҳонӣ барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кулли сокинони кишвар дар сомонаи Бонки миллӣ почтаи нави электронӣ таҳти нишонии  "allomushtari@nbt.tj ба роҳ монда шуд.

Бонки ҷаҳонӣ бо дархости БМТ вазъи маърифати молии сокинон ва сатҳи хадамоти бонкҳо, аз ҷумла банкоматҳоро омӯхта ба натиҷае омадааст, ки адами сохтори махсус барои ҳимояи ҳуқуқи муштариён дар Тоҷикистон сабаби аслии рушди кунди низоми бонкӣ дар ин ҷумҳурӣ мебошад.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии бонки миллӣ, бо ин ҳадаф БМТ як шӯъбаи ҷадид барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани шароити солими ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон таҳти унвони "Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ"-ро ба роҳ мондааст.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ: хориҷиҳо ба мо кумак мекунанд

"Чанде қабл шӯъбаи тозатаъсис бо суоли "Оё аз хизматрасониҳои банкоматҳо розӣ ҳастед?" аз тариқи сомонаи бонк пурсиш анҷом дод ва аз 450 нафар сокинон 51 дарсад норозигии худро баён дошта, 46 фоиз изҳор кардаанд, ки аз умури хидматрасонии бонкӣ розӣ ҳастанд",- меафзояд манбаъ.

Бонки миллии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки барои ба даст овардани эътимоди мардум ба хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамкорӣ бо институтҳои молии ҷаҳон, аз ҷумла бо Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории фаъол доранд ва бо барномаҳои мухталиф донишу маърифати молии мардумро рушд дода, ошноии онҳоро бо низоми бонкӣ бештар мекунанд.

Гуфтанист, шӯъбаи махсуси ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ мунтазири дархост ва арзу шикоятҳои сокинон дар мавриди хадамоту хизматрасониҳои бонкҳо дар саросари кишвар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0