21:55 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Истеҳсоли хишти пухта. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон барои бунёди корхонаи хишт сармоягузор меҷӯяд

© Sputnik / Сергей Венявский
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
16101

Ин завод зарфияти истеҳсоли 5 миллион дона хишти пухта дар як солро дошта, тибқи нақша бояд дар ноҳияи Балҷувони Хатлон бунёд карда шавад.

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барои амалӣ сохтани лоиҳаи худ дар мавриди бунёди заводи хурди хиштбарорӣ дар вилояти Хатлон сармоягузор меҷӯяд, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар.

Ин завод тавони истеҳсоли 5 миллион дона хишти пухта дар як солро дошта, тибқи нақша бояд дар ноҳияи Балҷувони Хатлон бунёд карда шавад.

Ҳадаф аз амалии ин лоиҳаи ҳукумати Тоҷикистон таъмини сокинони Хатлон бо масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ арзёбӣ мешавад.

Тибқи арзёбиҳо, барои амалишавии ин лоиҳа 670 ҳазор доллари амрикоӣ лозим аст.

Дар ҳоли ҳозир Чин бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ҳаҷми сармояҳои он дар ҳоли ҳозир 51,9 миллион ё 25,7%-ро ташкил медиҳад. Дар ин феҳрист Озарбойҷон дар мақоми дуюм буда, ҳаҷми сармояҳои Русия ба — 32,5 миллион (16%), Бритониёи кабир — 15,6 миллион доллар (7,7%) ва аз Фаронса ба 10,5 миллион доллар (5,2%) расидааст.

Дар ҳоли ҳозир бузургтарин тарҳҳое, ки ба Тоҷикистон сармояҳои хориҷиро ҷалб мекунанд, корхонаи истеҳсоли Кока-Кола, корхонаи "Хуаксин Ғаюр Суғд семент", ширкати саноати куҳкории Тоҷикистону Чин оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои кони "Зарнисори Шимолӣ", амалигардонии лоиҳаи корхонаи чинии "Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир семент" ва корхонаи коркард ва истихроҷи маодин дар кони тиллои "Покрӯд", ки дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст, мебошанд.

Барчаспҳо:
Чжунгтсай, Озарбойҷон, пухта, хишт, семент, чинӣ, Чин, ҳазор, Хатлон, сармоя, доллар, Тоҷикистон, корхонаи коркард ва истихроҷи маодин дар кони тиллои "Покрӯд", корхонаи чинии "Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир семент", ширкати саноати куҳкории Тоҷикистону Чин оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои кони "Зарнисори Шимолӣ", Бритониё, Озарбойҷон, Хатлон, Чин, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ