05:42 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Қасри Миллат. Қароргоҳи райисҷумҳури Тоҷикистон

Сафири Чин дар ҶТ бо Раҳмон хайрухуш кард

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Фан Сянжун аз соли 2010 то ҳол вазифаи сафирии кишвараш дар Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Чин дар кишвар Фан Сянжунро ба хотири анҷоми мӯҳлати ваколаташ ба ҳузур пазируфт, хабар додааст сомонаи президент.

"Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои муҳиму мубрами барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуданд", — афзудааст манбаъ.

Тибқи иттилои сомонаи президент, Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо Фан Сянжун аз мазмун ва сатҳи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, ба Фан Сянжун барои ҳамкорӣ бо ҳукумати кишвар дар давоми 5 соли колаташ изҳори сипос намудааст.

Сафири Чин дар Тоҷикистон ҳам дар навбати худ ба Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар барои сиёсати дарҳои боз миннатдорӣ баён карда, ибрози боварӣ кардааст, ки минбаъд ҳам барои пешрафти ҳамсоякишвари худ талош мекунад.

Манбаъ афзудааст, ки дар вохӯрӣ инчунин масоили дигари барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Чин 4 январи соли соли 1992 барқарор шуда, сафорати ин кишвар дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва сафорати Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ ёфтааст.

Фан Сянжун аз соли 2010 то ҳол вазифаи сафирии кишвараш дар Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Барчаспҳо:
Сянжун, Фан, Пекин, Чин, вохурӣ, Эмомалӣ, Раҳмон, мулоқот, сафир, Тоҷикистон, Душанбе, вохурӣ, Фан Сянжун, Эмомалӣ Раҳмон, Пекин, Чин, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ