Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Фаронса вохӯрд

© Официальный сайт МИД РТСироҷиддин Аслов дар мулоқот бо сафири Фаронса дар Душанбе Дидйе Леруа
Сироҷиддин Аслов дар мулоқот бо сафири Фаронса дар Душанбе Дидйе Леруа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҳамдардии худро ба мардуми Фаронса дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Порис баён кард.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи сешанбе барои ибрози ҳамдардӣ дар робита ба ҳаводиси Порис ба сафорати Фаронса дар шаҳри Душанбе рафтааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии вазорат.

"Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар китоби тасаллият ҳамдардии худро ба мардуми Фаронса дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Порис сабт намудаст"-омадааст дар хабари манбаъ.

Дар Брюссел дари манзили гумонбарони теракти Порис мехкорӣ шуд

Зимнан, ҷаноби Аслов аснои суҳбат бо сафири Фаронса Дидйе Леруа ба ҳамаи кормандони Сафорат ва мардуми Фаронса ҳамдилӣ ва ҳамдардии амиқи худро изҳор намудаст.

Қаблан, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам ин ҳамлаҳоро ғайриинсонӣ хонда, шадидан маҳкум карда буд. Ҷаноби Раҳмон дар номаи худ ба ҳамтои фаронсавияш таъкид кард, ки хабари ҳаводиси 13 ноябр дар Порис ӯро сахт андуҳгин кард.

Шоми 13 ба 14-уми ноябри ҳафтаи гузашта дар шаҳри Порис як қатор ҳамлаҳои террористӣ сурат гирифт. Ин силсилаҳамлаҳо ҳамзамон дар 6 минтақаи пойтахти Фаронса, аз ҷумла он шаб афроди номаълум ба ошхонае дар округи 10-уми шаҳри Порис ва бинои театри "Батаклан ворид шуда, ҷониби ҳунармандон ва тамошобинон оташ кушодаанд.

Инчунин, он шаб дар наздикии варзишгоҳи "Стад де Франс", ки дар он вохурии дустонаи дастаи мунтахаби футболи Фаронсаву Олмон дар ҳузури президент Франсуа Оланд ва афроди дигари баландпояи ду кишвар идома дошт, се таркиши дигари мудҳиш аз сӯи маргталабон ба вуқуъ пайвастааст.

Шумори қурбониёни ин ҳамлаҳои ҳаросафкании Порис наздик ба 130 нафар арзёбӣ мешавад. Ин ҳамлаҳои ҳаросафкании шаби 13 ноябр дар таърихи Фаронса бесобиқа буда, вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард. Ҳоло сокинони аксари кишварҳои олам бо гузоштани гулу равшан кардани шамъ дар назди сафоратхонаҳои Фаронса дар робита ба ҳаводиси 13 ноябр ҳамдардӣ баён мекунанд.

Дар пайи ин ҳамлаҳо тадобири амниятӣ на танҳо дар Пори, балки дар аксар кишварҳои дунё аз ҷумла, Тоҷикстон пурзӯр ва назорат дар марзҳо шадид шудааст. Ҳоло дар маконҳои серодам ва гузаргоҳҳои асосии шаҳри Душанбе ҳам кормандони пулис ва мошинҳои вижаи мақомоти қудратии кишвар рӯбарӯ шудан имкон дорад.

Лентаи хабарҳо
0