07:59 24 январи 2017
Пахши мустақим
Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ

Боздошти як сокини 20-солаи Бадахшон ба иттиҳоми қочоқи ҳашиш

© Sputnik / Андрей Стенин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Афғонистон дар солҳои ахир ба яке аз тавлидкунандагони ҳашишу марихуана табдил ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Маъмурини пулиси пойтахт як шаҳрванди Афғонистонро ба иттиҳоми қочоқи ҳашиш боздошт кардаанд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти ВКД.

Ин сокини 20-солаи вилояти Бадахшони Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар натиҷаи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони пулис рӯзи 2 декабр датсгир шудааст.

"Дар вақти кофтукоби шахсӣ аз номбурда 6-килою 204-грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд", — илова кардааст манбаъ.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Давоми соли равон мақомоти қудратии Тоҷикистон аз қочоқи 6,2 тонна маводи мухаддир ҷилавгирӣ кардаанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар 2 тоннаву 666 кг маводи мухаддир мусодира шудааст, ки аз ин миқдор 1 тоннаву 377 килограмм ё 51,6 фоиз ба дӯши мақомоти корҳои дохилӣ рост меояд.

Тамоми ин маводи мухаддири мусодирашуда ба Тоҷикистон аз Афғонистон ворид карда мешавад, ки даҳсолаи ахир ин кишвар бузургтарин тавлидкунандаи ин мавод дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Маводи мухаддир аслан аз Афғонистон ба дигар кишварҳо тавассути марзҳои давлатҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон роҳ меёбад. Аз ҳама бештар ба қавли коршиносон тавассути марзи Тоҷикистон берун бурда мешавад.

Дарозии марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон 1 ҳазору 370 километрро ташкил дода, аксари он аз манотиқи куҳӣ убур мекунад, ки назорату нигоҳубини онро мушкил менамояд.

Қочоқи маводи мухаддир тавассути "масири шимолӣ" (Афғонистон — Осиёи Марказӣ — Русия — Аврупо) бо роҳҳои гуногун сурат мегирад: тақрибан 70% тавассути автомошинаҳо, бо роҳи оҳан 20% ва танҳо 10% тавассути роҳи ҳавоӣ анҷом меёбад.

Барчаспҳо:
ҳамсоя, марз, дастгир, боздошт, ворид, тавлид, мухаддир, мавод, қочоқ, ҳашиш, боздошти қочоқбари афғон, ВКД, Аврупо, Узбакистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Русия, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ