23:30 30 апрели 2017
Пахши мустақим
Корманди ОМОН. Акс аз бойгонӣ

Садои тиру таркиши норинҷак: ОМОН омодагӣ мебинад

© Sputnik / Илья Питалев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Омодагии вижа ба Рӯзи таъсис ёбии Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ё худ “ОМОН” сокинони пойтахтро тарсондааст.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба солгарди навбатии рӯзи таъсисёбияш омодагии махсус мебинад.

Садои таркиши норинҷак ва гулӯлаҳои силоҳ субҳи имрӯз сокинони пойтахтро, ки дар атрофи қароргоҳи марказии "ОМОН" дар назди Сирк зиндагӣ мекунанд, ба таҳлука андохтааст, менависанд расонаҳои дохилии кишвар.

Бархе аз сокинон бо шунидани садои тиру нориҷанҷак дар саддаи тарки макони будубоши худ афтида, бархеи дигар бо тарсу ҳарос паёмади ин садоҳои пайвастаи гуногунро интизор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини ВКД дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтаанд, ки Дастаи таъйиноти махсуси ин ниҳод ба Рӯзи таъсисёсбии худ, ки ҳамасола 5 декабр таҷлил мешавад, омодагии махсус мебинад.

Тибқи иттилои ВКД, аъзои ОМОН дар ин тамрини худ аз силоҳҳои ғайриҷангию садодор истифода мекунанд.

 

 

Барчаспҳо:
сокинон, пойтахт, таҳлука, тарс, ҳарос, норинҷак, тир, садо, Омодагӣ ба Рӯзи таъсисёбии ОМОН, "ОМОН", ВКД, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ