Кашфу мусодираи беш аз 2 тонна нашъа аснои амалиёти “Кӯкнор-2015”

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкНобуд кардани ниҳоли бангдона. Акс аз бойгонӣ
Нобуд кардани ниҳоли бангдона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар роҳҳои кишвар 217 дидбонгоҳи муваққатӣ ва сайёр гузошта шуда, аз ҳодисаҳои зиёди қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ гардид.

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Барои ҷилавгирӣ аз кишти маводи мухаддир, қочоқи ғайриқонунии нашъа дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 20 май то 30-юми ноябри соли равон дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2015» гузаронида шуд.

Дар амалиёти мазкур кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, Кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, ҳифзи муҳити зист, телевизион ва радио, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ ширкат доштанд.

Даъвати Раҳмон аз ҷаҳониён барои мубориза алайҳи нашъа ва тундгаройӣ

Барои ҷилавгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар қаламрави кишвар ва қочоқи он тавассути марзи давлатӣ дар роҳҳо 217 дидбонгоҳҳои муваққатӣ ва сайёр гузошта шудаанд.

Тибқи иттилоъи расмӣ, ки дар ихтиёри Sputnik гузошта шуд, дар амалиёти вижаи мацомот 193 ҳодисаи кишт ва сабзонидани растаниҳои нашъаовари худрӯй ба миқдори 1 млн 110 ҳазору 971 бех дар майдони 3,7 гектар ошкор карда шуда, бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудаанд.

"Дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 462 килою 637 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, ки аз ҷумла 234 килою 793 грамми онро ҳероин, 428 килою 797 грамми онро афюн ва 1 тоннаву 799 килою 047 граммро маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона ташкил медиҳад",- омадааст дар иттилоъия.

Барои таъмини назорат аз болои риояи қонунии муомилоти воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар муассисаҳои тиббӣ ва саноатии ҷумҳурӣ 156 санҷишҳо гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида, дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0