01:05 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Роҳи тахрибшуда ба ҷониби Бадахшон. Акс аз бойгонӣ

КҲФ аз хатари фаромадани селу тарма хабар медиҳад

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
75 0 0

Боду ҳавои номусоиди рӯзҳои 31 март то 2 апрел дар ҷумҳурӣ метавонад ба боронгариҳои шадид, омадани сел, бориши зиёди жола ва дигар офатҳо оварда расонад.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон боду ҳавои номусоид дар назар аст, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар давоми рӯзҳои 31 март то 2 апрел дар минтақаҳои кишвар ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад, ки метавонад сабаби боронгариҳои шадид, бориши жола, фаромадани селу тарма гардад.

"Дар робита бо ин аз шаҳрвандони кишвр ва меҳмонони ҷумҳарӣ даъват мешаад, ки аз сафарҳо ба минтақаҳои дур худдорӣ кунанд", —гуфта мешавад дар иттилоия.

Сел ин ҷараёни бузург бо зарраҳои минералӣ, сангҳо ва пораҳои кӯҳӣ мебошад. Сел дар натиҷаи боришҳои пуршиддат  ё обшавии зиёди барфу ях ба вуҷуд меояд.

 

Барчаспҳо:
боронгарӣ, сел, боришот, ҳушдор, барф, тармафароӣ, КҲФ, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ