Боздошти сокини Душанбе бо иттиҳоми тақаллуби пул

© Sputnik / Амир ИсаевСомонӣ- асъори миллӣ
Сомонӣ- асъори миллӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин сокини пойтахт дар хонаи истиқоматиаш даст ба аъмоли ғайриқонунӣ зада, пулҳои тақаллубӣ мебаровардааст

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Кормандони милиса марди 23-солаи сокини шаҳри Душанберо ба гумони тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул, ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ дастгир карданд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

Мурофиаи судӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: боздошти қаллоб аз Шаҳристон бо ҷурми гирифтани 106 ҳазор сомонӣ

Бино ба иттилоъи маркази матбуоти ин вазорат, муайян карда шудааст, ки номбурда, дар манзили муваққатии зисташ ба тайёр намудан ва ба муомилоти ғайриқонунӣ баровардани асъори миллӣ, купюраҳои қалбакии арзишашон 50-сомонӣ машғул будааст.

"Дар вақти азназаргузаронии манзили муваққатии номбурда далелҳои шайъӣ — 103 адад купюраҳои қалбакии арзишашон 50-сомонӣ ва як адад таҷҳизоти компютерӣ дарёфт ва мусодира карда шуд",- меафзояд манбаъ.

Нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0