06:30 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Шахноз Эроншо дар озмуни Мисс ООН

“Мисс ООН” муштоқи рақсҳои тоҷикона

© Страница конкурса "Мисс ООН" в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
10110

Шаҳнози Эроншо дар ИМА тоҷи ғолибиятро ба даст наовард, аммо тавонист барои ба намоиш гузоштани либоси беҳтарини миллӣ мукофот гирад. Ҷои аввал дар ин номинатсия барои вай хело муҳим аст.

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар Иётоли Муттаҳида давраи ниҳоии озмуни "Мисс ООН" баргузор гардид.

Зодаи Тоҷикистон Шаҳнози Эроншои 24 сола ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард, ки вайро хело хуб тамошобинон пешвоз намуданд ва ҳакамон баҳогузорӣ карданд.
"Барои ман ин таҷрибаи бузург гашт. Озмун воситаи хубе шуд, ки ман амрикоиёнро бо тоҷикон шинос кунам",- қайд кард вай.

Шаҳноз гуфт, ки ҳамаи рақибонаш муносибати дӯстона доштанд, давраи ниҳоӣ дар фазои хурсандона баргузор гардид.
"Ҳамааш хело хуб баргузор гардид, он ба ман маъқул гардид. Ягон рақобат ҳис карда намешуд. Ман ҷойи аввалро дар либоси беҳтарини миллӣ гирифтам, ки бароям хело муҳим аст"- нақл кард ин духтар.

Traditional Tajik outfit. #Tajikistan#usa

Фото опубликовано Shahnoz (@bboron_) Авг 18 2016 в 8:35 PDT

Ба гуфтаи вай саҳна ӯро хело хуб қабул намуд, махсусан ҳама аз либосҳои вай ба ваҷд омада буданд- ҳам аъзоёни ҳакамон ва ҳам худи иштирокдорон.
"Бархе аз онҳо орзуманд гаштанд, ки аз Тоҷикистон дидан намоянд, то ин ки бо фарҳанги ин кишвар аз наздиктар ошно гарданд", — қайд намуд Шаҳноз.

Ҷои якумро дар мусобиқа намояндаи давлати Итолиё сазовор гашт.

 

Шахноз Эроншо на конкурсе Мисс ООН
Шаҳноз Эроншо дар озмуни "Мисс ООН"

 

 

 

Барчаспҳо:
Беҳтарин либоси миллӣ, Шахноз Эроншо, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ