23:53 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Эмомали Раҳмон дар ифтитоҳи ботантанаи роҳи оҳани навЭмомали Рахмон на торжественной сдаче в эксплуатацию новой железной дороги

Президент роҳи оҳани Душанбе- Қӯрғонтеппа- Кӯлобро ба истифода дод

© Фото: Официальный сайт президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Хати нави нақлиётӣ вилоти Хатлонро бо пойтахт пайванд мекунад. Роҳи оҳан нархи роҳкирои мусофирон ва бору амволро назаррас паст мекунад.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ботантанаи ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе- Қӯрғонтеппа- Кӯлоб ширкат варзид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари кишвар.

Роҳи оҳан маркази Тоҷикистонро бо яке аз вилотҳои калонтарини он- Хатлон метавонад ба таври ҳамешагӣ пайванд кунад.

"Дар омад омади ҷашнвоари  муқаддаси ва муҳими миллӣ- 25-умин солгарди истиқлолияти миллии Тоҷикистон- яке аз нақшаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии мо, ба истифода додани роҳи оҳани  Душанбе- Қӯрғонтеппа- Кӯлоб- Носири Хисрав ба амал дароварда мешавад ",- гуфт сарвари давлат.

Раҳмон қайд намуд, ки рушди мунтазами иқтисодии кишва бе таъмин ва ташкил намудани инфросохтори муосир ғайриимкон аст.

"Барои ҳамин боварӣ дорам, ки ба истифода додани роҳи оҳани  Душанбе- Қӯрғонтеппа- Кӯлоб якҷоя бо дигар дастовардҳои истиқлол барои беҳбуди некӯаҳволии аҳолии кишвар ва пешравии иқтисоди милии мо аҳамияти муҳим дорад. Аз рӯзи ба истифода дода шудани роҳи оҳан ҳаматарафа интиқоли мусофирон ва бору амвол ба ҷануб ҳам осон ва ҳам  арзон мешавад",- қайд намуд сарвари давлат.

Роҳи оҳани имрӯза роҳи оҳани дуюме ба ҳисоб меравад, ки дар солҳои истиқлолияти ҶТ ба истифода дода шудааст. Барои сохтмони роҳи оҳани мазкур якҷоя бо тунел ва кӯпрукҳо 985 миллион сомонӣ сарф карда шуда буд.

Фоидаи солонаи роҳи оҳани нав 46 млн сомониро ташкил медиҳад ва дар тӯли 10 соли наздик хароҷоти онро мепӯшонад.

Барчаспҳо:
Ифтитоҳи роҳи оҳани нав, Эмомали Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ