07:59 24 январи 2017
Пахши мустақим
Открытый бардачок в автомобиле. Архивное фото

Дуздӣ аз дохили автомашина

© Flickr/ Erik Gregg
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Гумонбаршуда санаи 27-уми августи соли 2016 бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи "Ҷип-Мусо"-и марди 59-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ як адад ноутбук,  ки арзишаш 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД.

Ҳамчунин муайян гардид, ки дастгиршуда рӯзи 4-уми августи соли ҷорӣ пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи "Опел-Караван"-и марди 27-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ки дар дохили бозори "Деҳқон", воқеъ дар кӯчаи Гипроземи ш.Душанбе гузошта шуда буд, як адад телефони мобилии тамғаи "Самсунг-Галекси НОТ-3", ки арзишаш 2200-сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст.

Нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад, омадааст дар хабар.

 

Мавзуъ

ВКД: ду ҳолати дуздӣ дар шимолу ҷануби кишвар ошкор гардид
Барчаспҳо:
Дуздии амвол, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ