12:27 24 апрели 2017
Пахши мустақим
Аз роҳ гузаштани кӯдак. Акс аз бойгонӣ

Дар роҳҳои Тоҷикистон саҳмияи “Кӯдакон” сар шуд

© Sputnik / Алексей Мальгавко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Барои пешгирӣ намудани садамаҳои нақлиётӣ ВКД ҷумҳурӣ аз санаи 31-уми август то 10-уми сентябр ба ронандагон ва роҳгузарон дар бораи қоидаҳои ҳаракати бехатарии роҳ хотиррасон мекунад.

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон давраи тайёрӣ ба соли таҳсил сар мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД.

Вобаста ба наздикшавии давраи хониши мактаб дар тамоми ҷумҳурии аз 31-уми август сар карда то 10-уми сенятб саҳмияи "Кӯдакон" баргузор мегардад.

Чорабинӣ ба мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакон ва наврасон, пешгирии ҳолатҳои садама бо иштироки онҳо гузаронида мешавад.

Мақсади ин саҳмия ҳушдор намудан аз ҳолатҳои садамавӣ бо иштироки кӯдакон ва наврасон, ҳамчунин баланд бардоштани маданияти иштирокчиёни ҳаракати роҳ мебошад.

"Вобаста ба ин аз ҳамаи роҳгузарон, волидон, муаллимон ва ронандагон хоҳим мекунем, ки кӯдакон ва наврасонро бе назорат нагузоранд ва ба онҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро омӯзонанд",- омадааст дар хабар.

 

Барчаспҳо:
Қоидаҳои ҳаракати бехатарӣ, мактаб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ