Ҷустуҷӯи Муҳиддин Кабирӣ аз тарафи Интерпол давом дорад

© Sputnik / Амир ИсаевМуҳиддин кабирӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015
Муҳиддин кабирӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кабирӣ, ки дар ватан ба терроризм ва ташкили исёни мусаллаҳона айбдор карда мешавад аз кишвар фирор кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи ин сиёсатмадор ба ширкати байналмиллалӣ муроҷиат намудааст.

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар сомонаи Интерпол маълумот дар бораи ба кофтуков таъин шудани Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ  пайдо гардид.

Дар паём омадааст, ки Кабирии 51-сола аз тарафи ҳукумати судии Тоҷикистон барои "терроризм, ташкили ҷамъияти ҷиноӣ ва қаллобӣ " ҷустуҷӯ карда мешавад.

Кабирӣ пас аз интихоботи парлумонии соли 2015 Тоҷикистонро тарк намуда буд. Дар бораи маҳалли зисти ӯ аниқ маълумот вуҷуд надорад, аммо тахминан  дар яке аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо қарор дорад.

Моҳи июл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳангоми нишасти матбуот дар Душанбе эълон дошта буд, ки Тоҷикистон бо пулиси байналмиллалӣ дар боари ҷустуҷӯи роҳбари ҲНИТ ва баргардонидани вай ба ватан шартнома бастааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар вақти баромад дар ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара 1 сентябри соли 2016 - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ҲНИТ-ро дар аланга додани ҷанги шаҳрвандӣ айбдор намуд

Ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро дар  исёни мусаллаҳонае, ки аз тарафи собиқ муовини вазири мудофиаи кишваб Абдуҳалим Назарзода санаи 4-уми сентябри соли 2015 ба амал оварда шуда буд, айбдор намуданд.

Ҳизбро дар маблағгузории кӯшиши табаддулоти сиёсӣ дар кишвар айбдор кардаанд. Санаи 16-уми сентябр ҳамаи роҳбарони ҳизб ба ҳабс гирифта шуданд, санаи 26-уми сентябри соли 2015 бошад ҲНИТ бо қарори Суди Олӣ ҳамчун ҳизби эктемистиву террористии дар Тоҷикистон манъшуда эълон гардид.

Марҳилаи судии 13 аъзои роҳбарикунандаи ҲНИТ, ки санаи 2-уми июн ба итмом расид, ду муовини Кабирӣ- Саидумар Ҳусайнӣ ва Мамадалӣ Ҳоитро ба ҳабси якумра таин намуд, боқимондаҳо аз 2 то 28 сол мӯҳлат гирифтанд. Ҳамагӣ тариқи Интерпол дар Тоҷикистон 1661 нафар ба ҷустуҷӯ эълон карда шудаанд, аз онҳо 1400 нафарашон барои ҷиноятҳое, ки бо терроризм ва экстримизм марбут мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0