13:45 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Дилшод  Назаров ҳангоми ба Душанбе баргаштан. Акс аз бойгонӣ

Дилшод Назаров ба рейтинги таъсиргузортарин мулусмонони ҷаҳон дохил шуд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3020

Руйхати 500 мусулмони таъсиргузори ҷаҳон аз ҷониби пажуҳишгоҳи исломии Уммон нашр гардидааст. Руйхати мусулмонони таъсиргузори дунё шурӯъ аз соли 2009 инҷониб нашр карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Аввалин бор адр руйхати 500 мусулмони таъсиргузори ҷаҳон дорандаи медали тиллои Бозҳои олимпии 2016 Дилшод Назаров дохил шуд.

Ҳамчунин дар феҳрасти "500 мусулмони таъсиргузор" номи  президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода низ дохил шудааст.

Ташкилкунандагони руйхат Эмомалӣ Раҳмонро чун нигоҳдорандаи сулҳу оромӣ дар кишвар баҳогузорӣ кардаанд. Абдулқодирзода бошад дар умури дин вориди феҳраст шудааст.

Дилшод Назаров барои гирифтани медали тилло дар Бозиҳои олимпии 2016 дар қатори мусулмонони таъсиргузори дунё ҷой гирифтааст.

Дар мақоми аавали руйхат Шайх Аҳмад Муҳаммад Ат-Таййиб профессори донишгоҳи Ал-Азҳар, Абдуллоҳи 2 ибни Ҳусайн шоҳи Урдун ва Абдуллоҳ бин Абдулазиз Ал Сауд шоҳи Арабистони Саудӣ ба худ ихтисос додаанд. Дар мақоми 4-ум Алӣ Хоманаӣ роҳбари Эрон нишастааст. Оқохони IV Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-умини исмоилиён дар зинаи 37-ум омадааст.

Бояд қайд кард, ки дар рӯйхат инчунин раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти  Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ворид шудаанд.

Мавзуъ

Гурзандозӣ ва эҳсоси пурталотуми ғолиб: Чӣ гуна Дилшод Назаров дар Рио ғолиб гашт
Барчаспҳо:
руйхати 500 мусулмони таъсиргузори ҷаҳон, пажуҳишгоҳи исломии Уммон, Дилшод Назаров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ