13:47 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Сафари Валентина Матвиенко ба ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Раиси Шӯро: ягон давлат наметавонад ба дӯстии Маскав ва Душанбе халалдор шавад

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сафари ҳайати парлумонии ФР ба Тоҷикистон (5)
20 0 0

Раиси Шӯрои Федеретсияи Русия ва президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон во хӯрданд. Дар рафти сӯҳбат тарафайн масъалаҳои муҳоҷират ва иқтисодро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik, Анастасия Лебедева.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои Федератсия Русия  Валентина Матвиенко во хӯрд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

"Ман ба Тоҷикистон сафар карданро хело дӯст медорам. Ман ин кишвари офтобӣ ва меҳмоннавозро дӯст медорам. Мо ҳамавақт ба Тоҷикистон бо эҳсосоти хос меоем.  Душанбе шаҳри зебост ва рӯз то рӯз ободтар ва зеботар мешавад",- мегӯяд Матвиенка ба хабарнигори оҷонсӣ.

Ба гуфтаи меҳмони кишвар вай то ҳол бо Душанбе аз наздик шинос нест, аммо он манзараеро, ки наззора кард- тасдиқ мекунад, ки сол то сол шаҳр зебо мешавад ва пойтахти ҳақиқии Тоҷикистон мегардад.

"Ман Душанберо хело дӯст медорам. Ин ҷо дӯстонам зиёданд, ман ин ҷо  худро хело хуб ҳис мекунам",- илова кард вай.

Дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон раиси Шӯро қайд кард, ки сӯҳбат бо президенти кишвар хело пурмӯҳтаво гузашт. Ҷонибҳо тавонистанд, ки дар умум масъалаҳои муҳимро баррасӣ кунанд, ки ба муносибатҳои Тоҷикистону Русия марбут мебошад.

Аз ҷумала, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мехоҳад соҳаи савдоро бо Русия такмил диҳад.

Тарафҳо ҳамчунин мавзӯъҳои маориф ва рушди забони русиро дар кишвар, баррасӣ карданд.

"Ман аз он шод гардидам, ки  ӯ (Эмомалӣ Раҳмон- идора) самимона дар бораи омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон ҳарф мезанад", — қайд намуд Матвиенко.

Ба ҷониби Русия пешниҳод гардид, ки дар ин ҷода Тоҷикистонро дастгирӣ кунад ва кӯмак расонанд.

Раҳмон ва Матвиенко ҳамчун масоили муҳоҷиратро баррасӣ намуданд.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои Русия кишвар ҳамавақт тайёр аст, ки муҳоҷирони тоҷикро қабул кунад, аммо набояд дар бораи қонунгузориҳои муҳоҷират дар Русия фаромӯш кард.

Дар бораи Иттиҳои иқтисодии Аврупо ва Иттиҳоди гумрук

Дар рафти вохӯрӣ сиёсатмадорон ҳамчунин дар бораи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, аз ҷумла, дар доираи  Иттиҳоди гумрук ва Иттиҳоди АвруОсиё  сӯҳбат намуданд.

Матвиенко қайд кард, ки ҳамаи кишварҳо ба Иттиҳои иқтисодии АвруОсиё дар асоси ҳуқуқҳои баробар шомил мешаванд. Он дар  таҷдиди иқтисоди ин кишварҳо ва рушди ҳамкориҳо равона карда шудааст.

"Роҳбаряти ҶТ дар ин ҷода ҳуқуқи  қарори худро қабул карданро  дорад, аммо ба назари ман иттиҳод аллакай самаранокии худро нишон додааст, фаъол аст ва бо Ветнам як минтақаи озоди тиҷоратиро ташкил додааст ва  ман фикр мекунам, ки барои Тоҷикистон низ фоиданок мебошад, вале ин масъаларо роҳбарияти кишвар ҳал мекунад",- қайд кард, ӯ.

Чин

Ҳангоми дар бораи дар минтақаъ зиёд гардидани мавқеи Чинро баррасӣ кардан,  Матвиенко қайд кард, ки ин омил ба Русия ягон мушкилӣ намеорад.

Ба гуфтаи вай ҳам Тоҷикистон, ҳам Русия ва ҳам Чин муносибатҳои соҳаҳои гуногунро рушд медиҳанд, ки дар доира манфиатҳои иқтисодии онҳо мебошад.

"Ман дар ин ҷо ягон мухолифат ва ё таҳдидро намебинам, барои он ки муносибати Русия ва Чин низ хело хуб рушд меёбад. Барои ҳамин мо низ дар густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ба монанди дигар ҷумҳуриҳои ОМ ҳавасманд мебошем. Ман фикр мекунам, мо дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузург  мебошем  ва ҳеҷ давлати дигар наметавонад дар ҷода садди роҳи мо шавад",- қайд кард вай.

Матвиенко зикр дошт, ки ҳамаи кишварҳо бояд бо ҳамдигар дӯстӣ кунанд ва дар ин ҷода бо ҳамдигар рақобат намоянд.

Ҳайати Русия  аз муовини раиси Шӯрои Федератсияи Евгений Мушмин, раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои байналмиллалӣ Константин Косачев, муовини аввали раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи оид ба мудофиа ва амният Александр Чекалин, муовини аввали раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи оид ба кишоварзӣ ва озуқаворӣ, сиёсат ва муҳити зист Сергей Лисовский, муовини раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Виктор Кресс, узви Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсияи оид ба масъалаҳои байналмиллалӣ  Рафаил Зинуров, аъзои кумитаҳои оид ба буҷҷа, бозори молиявӣ, мудофиа ва амният Мухарбий Улбашев ва Баир Жамсуев ва ҳамчуин аъзои Шӯрои Федератсия  Андрей Шевченко иборат буданд.

Мавзуҳо:
Сафари ҳайати парлумонии ФР ба Тоҷикистон (5)
Барчаспҳо:
Баррасии муносибати ду кишвар, Валентина Матвиенко, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ