13:46 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Қуллаи Исмоили Сомонӣ. Акс аз бойгонӣ

Вера Семашко дар қуллаи Исмоили Сомонӣ парчами Тоҷикистонро барафрохт

Предоставил Максим Богатырев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Вера Семашко-духтари рус, ки чанд сол қабл ба Тоҷикистон кӯч бастааст, қуллаи Исмоили Сомониро фатҳ карда, дар баландии 7105 м парчами Тоҷикистонро барафрохт.

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Кӯҳнавард аз Тоҷикистон Вера Семашко дар қуллаи Исмоили Сомонӣ парчами  Тоҷикистонро партавафшон кард.

Ба гуфти ӯ дар сафар ӯро асосан рафиқонаш аз Русия ҳамроҳӣ карданд.

"Имсол ман ба мақсадам расидам-дар сафар маро куҳнавард аз Санкт-Петербург, Валерий Шамало ҳамроҳӣ кард. Вале дар баробари ӯ сайёҳон ва куҳнавардони дигар кишварҳои хориҷӣ низ ба мо ҳамроҳ шуданд, аз ҷумла шумораи сайёҳон аз Эрон хеле зиёд буд",-қайд кард ӯ.

Вера Семашко 23-юми августи соли 1983 дар шаҳри Дубна (вилояти назди Маскав) ба дунё омадааст. Ӯ факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии Маскави ба номи Ломоносовро хатм намуда, соли 2009 ба Тоҷикистон кӯчидааст. Дар Тоҷикистон ӯ ба ҳайси барномасоз кор ва фаъолият мекунад.

Вера ба соҳаи куҳнавардӣ ҳашт сол  қабл омадааст. То ин дам ӯ ба сайёҳати кӯҳӣ машғул шуда нозукиҳои кӯҳнавардиро аз худ кардааст. Ҳамин тавр соли 2013 ӯ ҳамроҳи Шамсиддин Қаҳҳоров кӯшиш намуд, то қуллаи Абуалӣ Ибни Синоро тай намояд. Аммо бо сабаби номусоидии обу ҳаво ӯ маҷбур шуд аз баландии 6.900 метр баргардад.

Соли 2014 ӯ ба Помир роҳсипор шуд. Даъвати ӯро барои ҳамроҳӣ дар сафар кӯҳнавард аз Полша Павел Копач қабул кард.

"Мо ҳамроҳ ба қуллаи Евгений Корженевский (7105 м), ки яке аз баландтарин қуллаҳои кӯҳӣ дар Помир мебошад, баромадем. Ҳамааш хеле бомуваффақият гузашт. Баъд мо ба қуллаи дигар ба баландии 6230 м баромадем. Худи ҳамон сол (манзур соли 2014-шарҳ аз идора) ман бо кӯҳнавардони Арманистон барои фатҳи қуллаи баландтарини Эрон-Дамаванд рафтам. Баландии ин қулла 5640 метр буда, он дар наздикии шаҳри Теҳрон ҷойгир шудааст",-нақл кард Вера.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ (қаблан-қуллаи Коммунизм)-баландтарин қулла дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (7105 м) мебошад. Дар рӯйхати балантарин қуллаҳои ҷаҳонӣ қуллаи Исмоили Сомонӣ дар ҷои 50-ум қарор дорад. Ин қулла дар шарқу-ғарби Помир ҷойгир шудааст.

Мавзуъ

Кӯҳнаварди тоҷик дар Русия ғори ҷадидеро ошкор кард
Барчаспҳо:
барафрохтани парчами Тоҷикистон, фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ, кӯҳнавардӣ, Вера Семашко, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ