Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро мардон ташкил медиҳанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкДонишҷӯёни Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Донишҷӯёни Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон шумораи мардон нисбат ба занон зиёдтар буда, дар Қазоқистон ва Қирғизистон баръакс, шумораи занон зиёдтар аст. Дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ шумораи писарони то 14 сола нисбат ба духтарон бештар аст

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Тоҷикистон аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати сатҳи афзоиши аҳолӣ дар ҷойи якум меистад.

Маълумоти мазкур дар барномаи Кумитаи омори кишварҳои ИДМ "Мониторинги бозори меҳнати кишварҳои ИДМ дар солҳои 2012-2015", ки дар торномаи расмии кумита нашр гардидааст, оварда шуд.

Мувофиқи мониторинг, аҳолии Тоҷикистон дар давоми чор сол 6,2% афзоиш кардааст. Дар ҷойи дуюм аз рӯи нишондоди мазкур Қирғизистон (5,2%) қарор дорад.

Занон ва кӯдакон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз ҷиҳати сатҳи афзоиши аҳолӣ дар ОМ дар ҷои якум аст

Дар сераҳолитарин кишвари Осиёи Марказӣ-Узбакистон фоизи афзоиши аҳолӣ ҳамагӣ 3,3%-ро ташкил дод, дар ҳоле, ки дар авоили соли 2016 дар Узбакистон 31 миллион нафар аҳолӣ ба сар мебурд.

Дар Озарбойҷон ин нишондод ба 3% баробар буда, аҳолии Русия дар давоми чор сол  2,2% афзоиш кардааст. Дар Арманистон, Белорус ва Молдова афзоши аҳолӣ ба қайд гирифта нашуда, дар Украина бошад, сатҳи афзоиши аҳолӣ 6,2% кам шудааст.

Оид ба афзоиши аҳолии шаҳрӣ низ Тоҷикистон пешсаф аст (+9,5%), дар ҷойи дуюм-Қазоқистон (+7,5%) қарор дорад.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар Тоҷикистон шумораи мардон нисбат ба занон зиёдтар буда, дар Қазоқистон ва Қирғизистон баръакс аст. Дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ шумораи писарони то 14 сола нисбат ба шумораи духтарон зиёдтар аст.

Лентаи хабарҳо
0