06:08 23 майи 2017
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Раҳмон ба Трамп: ҳамкорӣ бо ИМА самти муҳими сиёсати Тоҷикистон аст

© Sputnik / Алексей Никольский
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (10)
9410

Имрӯз, перзиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои тозаиинтихоби амрикоии худ барқияи табрикотӣ равон карда, ибрози умедворӣ намуд, ки минбаъд ҳамкориҳои байни ду кишвар фарохтар ва ғанитар мегарданд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik.Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуда, ӯро бо ғолибияташ таҳният гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.

"Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамшарикӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи имрӯзаи онҳоро баланд арзёбӣ менамояд"- омадааст дар сухани табрикотии Эмомалӣ Раҳмон.

Президент ҳамчунин изҳори умедворӣ намудааст, ки минбаъд муносибатҳои Тоҷикистону ИМА дар ҷабҳаҳои гуногун ғанитар ва фарохтар мегарданд ва ҷониби Тоҷикистон дар давом додани муколамаи байни ин ду давлат тайёр аст.

Хотирррасон мекунем, ки мувофиқи натиҷаҳои интихоботи президентии Амрико, ки санаи 9-уми ноябр ҷамъбаст гардид, узви Ҳизби ҷумҳурихоҳони Амрико Доналд Трамп ғолиб омад.

Мавзуҳо:
Интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (10)
Барчаспҳо:
барқияи табрикотӣ, Доналд Трамп, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ