01:02 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Сильный снегопад в Петропавловске-Камчатском. Архивное фото

Ба Тоҷикистон тӯфони сибирӣ таҳдид мекунад

© Sputnik / Виктор Гуменюк
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
327 0 0

Агентии обуҳавошиносӣ аз боришоти борони шадид ва табдили он ба барфи тар дар шаби 19-20-уми моҳи ноябр ҳушдор медиҳад

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва боришоти зхиёди барфу борон дар саросари Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷумҳурӣ таҳти таъсири тӯфони сибирӣ қарор мегирад.

"Шоми аз 19 ба 20-уми ноябри соли равон дар Тоҷикистон бориши борони шадид, ки ба бафри тар бадал мешавад, дар назар аст. То 23-уми моҳи ноябри соли равон чунин вазъи ҳаво дар Тоҷикистон ҳукмрон хоҳад буд".

Миёнаҳои ҳафтаи оянда боришот ба поён расида, ҳарорати ҳаво ҳамоно хунук боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво баъди қатъ шудани боришот шабона —5 —7 дараҷа, рӯзона бошад +1 +4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Қаблан КҲФ-и Тоҷикистон аз пастшавии ҳарорати ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон хабар дода буд.

"Аз 19 то 26-уми ноябри соли 2016 дар ҷумҳурӣ якбора паст шудани ҳарорати ҳаво бориши барф пешгӯӣ карда мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боришоти зиёди барфу жола дар назар аст",-омадаст дар иттилоия.

Барчаспҳо:
боришоти барф ва жола, ҳарорати пасти ҳаво, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ