01:01 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Маблағи пулӣ, акс аз бойгонӣ

Ваъдаҳои қаллоб сокини Хуҷандро “бехона” монд

© Sputnik / Алексей Бойцов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
32330

Марди 41-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми муроҷиат ба мақомоти милитсия гуфтааст, ки як сокини ҳамин шаҳр хонаи ӯро фурӯхтааст ва маблағи ба даст овардаашро то ҳол намедиҳад

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба мақомоти милитсия дар шаҳри Хуҷанд як марди 41-сола муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки сокини 50-солаи ҳамин шаҳр ҳанӯз соли 2009-ум бо роҳи фиреб хонаашро фурӯхтааст ва маблағҳои ба дастовардаашро бар намегардонад.

Сокини 50-солаи шаҳри Хуҷанд ба боварии мард даромада, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи 32-и шаҳри Хуҷандро ба маблағи 13500-доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, онро фурӯхтааст, омадааст дар хабар.

"Марди қаллоб  қаблан тибқи моддаи 247 КҶ ҶТ суд шудааст",- мегӯяд ҷабрдида.

Гумонбари ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, айни ҳол корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.

Барчаспҳо:
қаллобӣ, ҷиноят, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ