01:02 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Хунукшавии ҳаво дар Тоҷикистон

КҲФ Тоҷикистон огоҳ мекунад: дар хунукии рӯзҳои наздик эҳтиёт кунед

© Sputnik /
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
112 0 0

Дар Тоҷикистон аз санаи 23-уми ноябр боридани барф шиддат меёбад ва ҳово хунуктар мешавад, хабар медиҳанд аз оҷонсии обуҳавосанҷии кишвар

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik.Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки бо назардошти хунуктар шудани ҳаво, эҳтиёткор бошанд.

Мувофиқи ахбори Оҷонсии обуҳавосанҷӣ аз 23-ум то 26-уми ноябр боридани барф шиддат меёбад ва дараҷаи ҳаво поён мефарояд.

Вобаста ба ин КҲФ аз истиқоматкунадагон хоҳиш мекунад, ки дар хонаҳояшон  сӯзишворӣ захира намуда, ҳангоми аз хунукшавии шадид хабардор гаштан, системаи обтаъмитнкунӣ ва гармидиҳии хонаҳояшонро хомӯш кунанд, то лӯлаҳо аз кор набороянд. Ҳамчунин аз асбобҳои худсохти обгармкунӣ ва электрикӣ истифода набаранд.

Бояд дар хона таҷҳизоти зарурии аввалиндараҷаро тайёр кард ба монанди  фурӯзонак, радио, шамъ, гӯгирд, захираи озуқа ва оби нӯшокӣ, доруворӣ, рӯйпуш ва халтаи хоб.

"Ҳангоми шиддат ёфтани шамол аз зери дарахт, лавҳаҳои рекламавӣ, биноҳои фарсуда ва хатҳои интиқоли барқ дурӣ ҷӯед!",- омадааст дар сомонаи КҲФ.

Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон бошад аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки дар роҳҳо қоидаҳои ҳаракати бехатариро риоя кунанд ва воситаи нақлиётиашонро бо давраи зисимтона тайёр намоянд.

"Ҳангоми аз ҳад зиёд бад шудани ҳаво, дар назди ягон бино таваққуф кунед ва паноҳ баред",- омадааст дар хабар.

Барчаспҳо:
сардшавии ҳаво, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ