01:03 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Собит Неъматуллоев, акс аз бойгонӣ

Неъматуллоев: метавон дар Тоҷикистон зилзилашиносиро барқарор кард

© Фото: из личного архива Сабита Негматуллаева
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Дар Тоҷикистон баъд 25 сол маркази зилзилашиносии “Семиганҷ” ба кори худ шурӯъ намуд. Ин иншоот дар даврони Шӯравӣ калонтарин иншооти сейсмикӣ дар Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт.Марказ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ нобуд гардид. Имсол ин иншоотро барқарор намуданд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Пас аз ба кор даромадани марказ Sputnik  бо директори хадамоти геофизикӣ хадамоти Академияи илмҳои Тоҷикистон Собит Неъматуллоев сӯҳбат намуд.

Ба гуфтаи директори марказ Собит Неъматуллоев маркази  "Семиганҷ"  дар илми сесмикии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад ва барқарор гаштани марказ боиси рушди илми сейсмологӣ дар Тоҷикистон мегардад.

Илми заминларзашиносӣ дар Тоҷикистон то барпо гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ низ мавҷуд буд.

Албатта дар даврони Шӯравӣ марказ пеш рафт ва бо низоми мухсус муҷаҳҳаз гардид, ки дар натиҷа аз таҷрибаи мо метавонистанд тамоми ҷумҳуриҳо истифода баранд. Аммо дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ марказ пурра хароб гадид, қайд кард Неъмутуллоев.

Ӯ иброз дошт, ки барои марказҳои заминларзашиносии ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон осонтар аст, зеро онҳо аллакай ба системаи рақами гузаштаанд, аммо ҷониби Тоҷикистон бояд аввал марказро барқарор созад.

"Мо ҳатто мутахассиони худроо гум карда будем ва ҳоло ин соҳаро низ барқарор намуда истодаем. Ба мо ҳоло ҳасоягонамон Қазоқистон, Русия, ИМА кӯмак мерасонад",- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Неъматуллов Тоҷикистон бояд аввал полигони Душанберо барқарор кунад. Барои он, ки соли 1907 дар наздикии шаҳри Душанбе заминлазаи шадеде ба амал омада буд, ки маркази он Қаротоғ ба ҳисоб мерафт. Ҳарчанд он солҳо шаҳр иншоотҳои зиёд надошт, аммо дар худи ноҳияи Ҳисор қариб 15 ҳзр. нафар қурбони заминларза гардиданд.

"Заминларзаҳои шудид чунин хусусият доранд, ки ба гузашти замон метавонанд такрор ёбанд ва ин моро нигарон кардааст ва мо умедвор мегардем, ки якҷоя бо ҳамкоронамон аз Ӯзбакистон метавонем ин минтақаро дар мадди назари худ гирем",- иброз дошт Неъматуллоев.

Барои муайян намулдани ҳар гуна заминларза бояд тадқиқот бурд, зеро он якбора ба амал намеояд. Дар масъалаи Сарез низ аввал бояд тадқиқот бурда шавад. Ин ҳолат то ҳол омӯхта шуда истодааст ва Шпилко аввалин тадиқотчии Сарез низ  гуфта буд, ки ягон хактари даҳшатноки рахнашавии Сарез мавҷуд нест, мегӯяд  директори хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон Собит Неъматуллоев.

Барчаспҳо:
маркази заминларзасанҷӣ, Собит Неъматуллоев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ