01:02 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Парчамҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди АвруОсиё, акс аз бойгонӣ

Қирғизистон ба Тоҷикистон дар воридшавӣ ба ЕврАзЭС кӯмак мерасонад

© Sputnik Табылды Кадырбеков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
29801

Ҳайъати Қирғизистон ба ҶТ пешниҳод намудааст, ки дар ворид гаштани кишвар бо Иттиҳоди АвруОсиё гурӯҳи коршиносонро метавонад ташкил кунад

ДУШАНБЕ, 23 ноября — Sputnik, Рубен Гарсия. Дар Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид, ки он  ба дурнамоии воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳои иқтисодии АвруОсиё бахшида шудааст.

Дар маҷлис, ки бо иштироки Донишгоҳи тадқиқотҳои авруосиёии Русия ва Намояндагии  Савдои ФР дар Тоҷикистон ташкил шудааст, иштирокдорон имконияти ҳамкориҳои кишвар бо Иттиҳоди АвруОсиё ва дурнамоии воридшавии онро баррасӣ карданд. Намояндаи Қирғизистон дар маҷлис дар бораи ақидаҳои хеш оиди афзалиятҳо ва камбудиҳои узвият ба Иттиҳоди АвруОсиё нақл намуд.

Дар бораи табодули таҷрибаи ҳамсоякишварҳо дар воридшавӣ ба ЕврАзЭС Sputnik Тоҷикистон аз Галина Назарова пурсон гардид, ки номбурада яке аз ташкилотчиёни чорабинӣ ва намояндаи Донишгоҳи тадқиқотҳои авруосиёгии ФР дар Тоҷикистон мебошад.

"Барпо намудани маҷлис пеш аз ҳама ибтикори мо буд.  Мо хело мехостем, ки ақидаи ҷониби Қирғизистонро, ки бо кишвар  дар муносибатҳои иқтисодиву муҳоҷиратӣ наздиктар мебошем, пурсон шавем. Бале, Тоҷикистон дар остонаи воридшавӣ ба Итиҳод меистад, аммо барои ин омӯхтани баъзе таҷрибаҳои ҳамкорӣ бо сохторҳои  ЕврАзЭС ба кишвар лозим аст, ки метавонад ба он такя кунад",- мегӯяд ӯ.

Ҳамкоронамон аз Қирғизистон дар бораи хусусиятҳои тартиби воридшавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ нақл намуданд, гуфт Назарова.

Дар маҷлис яке аз маърузачиёни асосӣ машваратчии вазири иҷтисоди ҶҚ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҷумақодир Акинеев баромад намуд. Ӯ дар бораи манфиатҳои ба даст овардани Қирғизистон аз узвият ба Иттиҳоди АвруОсиё нақл намуд. Аз ҷумла камталабиҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ва Қазоқистон, ҳаракати озодонаи амвол дар дохили Иттиҳод, ба 28% баланд гаштани раванди омадани сайёҳон ба кишварро гуфта гузашт.

Ҷанбаҳои мусбии воридшавии ҷумҳуриҳо ба Иттиҳодро ӯ ба 5% зиёд гардидани боҷи гумрукӣ ба молҳои воридотӣ номид, ки  пеш аз ҳама он дар савдо бо Чин ҳис карда мешавад. Ғайр аз ин кам гадидани воридшавии автомашинаҳо аз Ҷопон ва Аврупо мебошад. Мутаносибан Тоҷикистон низ, пас аз ворид шудан ба Иттиҳоди АвруОсиё ба ин манфиатҳо ва хатарҳо гирифтор мешавад.

Ба гуфтаи Галина Назарова яке аз натиҷаҳои мизи мудаввар ин пешниҳоди ҳайъати Қирғизистон дар бораи ташкил намудани гурӯҳи коршиносон буд, ки ба Тоҷикистон барои ворид шудан ба Иттиҳоди АвруОсиё дастгирии машваратӣ мерасонад.

Ҳоло Иттиҳоди АвруОсиё ду сол шудааст, ки амал мекунад. Иттиҳод бозори байналмиллалиеро мемонад, ки дар он ҳамаи кишварҳо ҳуқуқи баробари овозӣ доранд. Иттиҳод 183 млн. нафарро ба ҳам меорад ва аз ҷиҳати масоҳат дар ҷаҳон ҷойи аввалро мегирад.

Ба ғайр аз ин  ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2019 Иттиҳод бозори ягонаи қувваи электрикиро ташкил мекунад. Соли 2025 бошад бозори ягонаи нафт, газ ва маҳсулоати нафтро амалӣ хоҳад кард. Мувофиқи маърӯзаи Сергей Шухно- директори шӯъбаи интегратсияи комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ЕврАзЭС дар ҷаҳон дар истеҳсоли нафт ҷойи аввалро мегирад, дар истеҳсоли газ ҷойи дуввум ва дар гудозиши оҳан, истеҳсоли гандум ва картошка ҷойи саввумро мегирад.

Тоҷикистон ҳоло масъалаи узвият ба Иттиҳоди АвруОсиёро дида баромада истодааст ва таҳкурсии иқтисодву ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии Иттиҳодро меомӯзад.

Мавзуъ

Шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё баррасӣ мегардад
Иттиҳоди Аврупо барҳам мехурад, АвруОсиё густариш меёбад
Қирғизистон расман шомили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд
Барчаспҳо:
маҷлис, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ