01:04 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Раҳмон сокинони Тоҷикистонро бо Рӯзи давлатии парчам муборакабод гуфт

© Sputnik / Лидия Исамова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Аз рӯзе, ки миллати сохибфарҳанги тоҷик соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд, гуфт президент ҳини муборакбодии сокинон

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханони табрикотии худ дар шабакаи телевизионӣ баромад намуда, шаҳрвандони кишварро ба муносибати Рӯзи давлатии парчам муборакбод намуд.

"Аз рӯзе, ки миллати сохибфарҳанги тоҷик соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд",- қайд намуд президенти кишвар.

Президенти изҳор дошт, ки эҳтироми парчами миллӣ нишонаи эҳтироми кишвар аст. Ба гуфтаи сарвари кишвар парчами давлатӣ инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму ойинҳои деринаи давлатдории миллӣ, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерӯву қудрати созандагӣ мебахшад.

"Парчами давлатӣ барои мо — тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад,- гуфт раисҷумҳур.

Парчам (байрақ)-и Тоҷикистон ин нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Парчами — байрақи Тоҷикистон иборат аз рангҳои сурх (аз ҳама боло), сафед (дар мобайн) ва ранги сабз (аз ҳама поён) мебошад. Дар байни парчами Тоҷикистон расми тоҷи тиллоии дорои 5 қуллаи нимдавраи ситорадор ҳаст.

Барчаспҳо:
Рӯзи давлатии парчам, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ