01:03 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Барф. Акс аз бойгонӣ

Дар рӯзҳои сард савор кун: дар Душанбе аксияи "Ҳамсафар" гузаронида мешавад

© Sputnik / Кирилл Брага
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
18820

Дар робита бо вазъи ҳавои номусоид сокинони фаъоли шаҳри Душанбе ба хотири ёрӣ расонидан ба пиёдагардон, дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук гурӯҳи “Ҳамсафар”-ро ташкил карданд

ДУШАНБЕ, 25 ноября — Sputnik. Ҳафтаи равон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хунук ва барфӣ омад. Кӯчаҳоро барф пӯшонидааст ва то ҷои кор расидан, сокинони шаҳр танқисӣ мекашанд.

Дар робита бо хунукӣ ронандагони шаҳри Тошканд иқдом карданд,  флэшмобро таҳти унвони "Дар хунукӣ ройгон савор кун" такшил диҳанд. Ронандагони узбекро ба чунин иқдом вазъи ҳавои номусоид ва рӯзҳои барфӣ водор кард.

Дар навбати худ сокинони шаҳри Душанбе низ ин иқдомро пазируфта дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук гурӯҳи "Ҳамсафар"-ро ташкил карданд.

Корбарони ин гурӯҳ ба ронандагон пешниҳод менамоянд, то ҳангоми ба кор рафтан ва баргаштан аз ҷои кор, пиёдагардонро бо худ гиранд.

Фаъолони ин гурӯҳ аз ҷумла Исфандиёр Аминӣ ва Зеб Гафарова ба ронанадгони мошинҳо пешниҳод карданд, то саҳаргоҳон ва ҳангоми шом дар роҳи худ пиёдагардонеро, ки дар интизори нақлиёти ҷамъиятӣ ҳастанд, бо худ гиранд.

Зеб Гафарова менависад: "Мӯҳтарам ронандагон! Ҳамгоме, ки  сафар мекунед ва дар роҳ занон, кӯдакон ва нафарони солхӯрдаро, ки дар интизори нақлиёти ҷамъятӣ дар ҳавои сард истодаанд, мебинед, бозистед ва онҳоро бо худ бигиред. Ҳаво хеле сард аст ва интизор шудани нақлиёт дар ҳавои сард вазнин аст".

Аксияро дар муддати кӯтоҳ дигар корбарон ва ронандагони гурӯҳи иҷтимоӣ дастгирӣ карда, аз дирӯз боз рақамҳои телефон ва пешниҳодҳои худро дар саҳифа  ҷой доданд.

Ҳамин тавр, сокини пойтахт Ҷафар Азимов дар гурӯҳ навиштааст: "Ҳар рӯз тақрибан соати 7:45-8:00 аз ноҳияи 102-юм ба самти маркази шаҳр сафар мекунам. Дар мошин се ҷои холӣ ҳаст. Имкон аст то майдони Исмоили Сомонӣ шуморо расонам". Ронандаи дигар Парвиз Давлатов гуфт: "Шомгоҳон соати 16:55 аз назди купруки  гардиши фурудгоҳ то майдони 800-солагии пойтахт (Оперка) меравам".

Онҳо мехоҳанд пиёдагардонро ройгон то ҷои дар боло зикргардида баранд. Агар барои нафаре, чунин самт қулай бошад, метавонад дар гурӯҳ бо онҳо дар алоқа шуда, вохӯрад.

Ровии барномаҳои радиоӣ, журналисти тоҷик Субҳон Ҷалилов аксияи "Ҳамафар"-ро дастгирӣ карда, онро иқдоми нек хонд ва дар баробари ин гуфт, ки ронандагон аз кормандони БДА шикоят мекунанд. Чун намояндагони БДА онҳоро боздошта, соҳибони мошинро дар кашонидани ғайриқонунии одамон айбдор мекунанд.

Барчаспҳо:
Ҳамсафар, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ